Суғд: Ҷустуҷӯи 1633 нафар ва боздошти 662 гумонбар

Давоми соли ҷорӣ, дар вилояти Суғд 1633 нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун ҷустуҷӯ шуда, то ҳол 662 нафари онҳо боздошт гардидаанд. Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд иттилоъ дод. Фурқат Хоҷазода зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки дирӯз, 21-уми декабр, бо иштироки масъулин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Давоми соли ҷорӣ, дар вилояти Суғд 1633 нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун ҷустуҷӯ шуда, то ҳол 662 нафари онҳо боздошт гардидаанд. Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд иттилоъ дод.

Фурқат Хоҷазода зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки дирӯз, 21-уми декабр, бо иштироки масъулин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, аз ҷумла гуфт, ки аз теъдоди умумии боздоштшудагон 102 нафар бо гумони содир кардани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм ва экстремизм, 67 нафар бо гумони дуздӣ, 113 нафар дар робита ба содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир шудаанд.

Аз теъдоди умумии боздоштшудагон 30 нафарашонро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ дастгир намудаанд. Беш аз ҳама, яъне 27 нафар дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон таслим гардидаанд. Давлатҳои Ӯзбекистон,  Қазоқистон  ва  Озорбойҷон бошад 1 нафарӣ боздошт ва ба Тоҷикистон супоридаанд.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон  бо  дигар мамлакатҳои  ҷаҳон  аъзои  Конвенсияҳо  оид ба  расонидани  ёрии  ҳуқуқӣ  бо  парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ  ва иқтисодӣ  буда,  созишномаҳо ва  дигар санадҳои  меъёрӣ  ҳуқуқиро  дар  ин  самт  қабул  кардааст ва ин имкон фароҳам овардааст, ки дар  самти  кофтуков, дастгир ва ба давлатӣ ташаббускор супоридани айбдоршавнадагони ҷустуҷӯшаванда кор пурзӯр карда шавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар самти кофтукови айбдоршавандагон, судшавандагон ва ба мақомоти тафтишотию судӣ ҳозир намудани онҳо дар соли 2021-2022  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.