Барои ихтироъи “беспилотник”. Донишҷӯён ва навоварони Суғд боз барои чӣ мукофот гирифтанд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд донишҷӯи беҳтарини сол ва ихтироъкорони ҷавонро муайян ва қадрдонӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоти Суғд хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2022” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардиданд.

Ҳамин тавр аз рӯи равияи фанҳои дақиқ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят шахсони зерин ғолиб гардиданд:

Меҳрангез Зоҳирова – донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ.

Дилноза Рашидова – донишҷӯи курси 3-юми факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;

Мунирҷон Азимов – донишҷӯи курси 3-юми факултети технология ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;

Аз рӯи равияи фанҳои гуманитарӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шахсони зерин ғолиб шуданд:

Ангубин Фарҳодӣ – донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳифзи муҳандисии муҳити зисти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ.

Сарвиноз Оқилова – донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисодиёт ва идора дар корхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;

Маликабону Рӯзиматова – донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;

Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шахсони зерин ғолиб гардиданд:

Мусфира Исрофилова – донишҷӯи курси 3-юми факултети таҳсилоти ибтидоии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ.

Бисолеҳа Сулаймонова – донишҷӯи курси 2-юми факултети математикаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;

Рустамҷон Асрорқулов – донишҷӯи курси 3-юми факултети кори табобатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ;

Дар ин баробар, ғолибони озмуни дигари вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” низ соҳиби диплом ва муколфотпулиҳо шуданд.

Дар бахши ихтироъ ва навоварӣ:

Анӯшервон Поччоев  – муаллими калони кафедраи геология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;

Дилоромхон Муродова – докторанти соли 2-юми факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ;

Далер Қосимов – мудири озмоишгоҳи инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;

Дар бахши модел ва конструксияҳо:

Шоҳин Тоҷибоев – донишҷӯи курси 3-юми факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;

Ҷамшед Назаров – донишҷӯи курси 2-юми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ихтирои “Ҳавопаймои бесарнишин” бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ;

Ҳайдархӯҷа Сайдализода – донишҷӯи курси 2-юми факултети кори дорусозии Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;

Дар бахши маҳсулоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ:

Нуруллохон Олимов – донишҷӯи курси 4-уми факултети телекоммуникастия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ.

Абдураззоқ Негматов – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси телекоммуникастия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ;

Сӯҳробҷон Ғафуров ва Ҷаҳонгир Раҳмонов – донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;

Ҳамчунин, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 9 нафар беҳтаринҳо бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9-уми декабр 10 нафар довталаби беҳтарини сол, ки барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар холҳои баландтаринро ба даст оварда буданд, аз ҷониби Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...