Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар хабари Вазорат зикр мешавад, ки ин тавсияҳо дар робита ба идома ёфтани чораҳои маҳдудкунандаи вуруди шаҳрвандони Қирғизистон ба Тоҷикистон нашр шудаанд. Дар бораи кадом чораҳо сухан меравад, маълумот дода нашудааст. “Вазорат ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия медиҳад, ки аз ҳама […]

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар хабари Вазорат зикр мешавад, ки ин тавсияҳо дар робита ба идома ёфтани чораҳои маҳдудкунандаи вуруди шаҳрвандони Қирғизистон ба Тоҷикистон нашр шудаанд.

Дар бораи кадом чораҳо сухан меравад, маълумот дода нашудааст.

“Вазорат ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия медиҳад, ки аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон ё хастайри транзитии раҳсипор шудан ба дигар кишварҳо тариқи қаламрави Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорат.

Қобили зикр аст, ки сарҳад аз тарафи Тоҷикитсон боз буда, Қирғизистон пас аз муноқишаи навбатӣ якҷониба сарҳад бо Тоҷикистонро аз 21 майи соли 2021 баста буд ва он то ҳол баста боқӣ мемонад.

Муноқишаи ахир байни кишварҳо нимаи моҳи сентябр рух дод. Бар асари он аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин муноқиша манзилҳо ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздимарзӣ тахриб ва ё пурра вайрон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.