Тоҷикистону Қирғизистон лоиҳаи боз 17,66 км хати сарҳадро мувофиқа карданд

Ҳайатҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вохӯрии навбатӣ дар Бодканд хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳайатҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вохӯрии навбатӣ дар Бодканд хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Таъкид мегардад, ки зимни ин вохӯрӣ “Тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд”.

Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар назар аст, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.

Дар ҳамин ҳол, ҷузъиёти ин тафоҳум ироа нагардидааст ва гуфта намешавад, ки лоиҳаи 17,66 км сарҳади ду кишвар дар кадом минтақаҳо муайян гардидааст.

Бояд гуфт, қаблан сарони ду кишвар, вазирони корҳои хориҷӣ ва фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон перомуни мушаххас кардани хатти марз чандин бор мулоқот анҷом дода буданд.

Бори охир, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласа оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардида буд.

Он замон ҳам ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи дахлдорро ба имзо расонида, ҷузъиёти онро ба расонаҳо ироа накарда буданд.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ дар Ню-Йорк гуфта буд, дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон даҳҳо протокол имзо шуда, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.

“Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд 602,5 км сарҳадро аломатгузорӣ намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода кунанд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии марзро ташкил медиҳад”, – гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари СММ афзуда буд, “боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд”.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.