Нигаронии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз муносибати ғаразнок бо шаҳрвандони кишвар дар Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, ки дар Қирғизистон алайҳи шаҳрвандони тоҷик "муносибати ғаразнок" ба назар мерасад ва аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ишора кардааст, ки аз сӯйи мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон далелҳои боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар сабти ном шудааст. Вазорат гуфтааст, […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, ки дар Қирғизистон алайҳи шаҳрвандони тоҷик "муносибати ғаразнок" ба назар мерасад ва аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ишора кардааст, ки аз сӯйи мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон далелҳои боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар сабти ном шудааст.

Вазорат гуфтааст, ки сарфи назар аз қарори Девони вазирони Қирғизистон аз 22 октябри соли 2021 дар бораи фароҳам кардани имкониат барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти корӣ дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, дар қаламрави он кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд.

"Муассисаҳои таълимоти олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои лозима барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод месозанд. Зимни ин дар аксар мавридҳо ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирӯизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст",- омадааст дар ин муроҷиатномаи Вазорат.

Бо дарназардошти ҳолати болозикр, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд, – таъкид мешавад дар ин муроҷиатнома.

Дар охири ин муроҷиатнома Вазорати корҳои хориҷӣ хотирнишон кардааст, ки бар асоси фармоиши Девони вазирони Қирғизистон №12 аз 21 майи соли 2021 вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё сафари онҳо ба дигар кишварҳо тавассути қаламрави Қирғизистон то кунун манъ мебошад.

Ин муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки пас аз тавофуқоти ҳосилшуда дар музокироти 29-уми январ бар пайи даргирии шаби 27 ба 28-уми январ, қарор буд дар оғози ҳафтаи оянда музокироти комисиҳои давлатии ду тараф ба кори худ барои таъину аломатгузории марз, мепардохтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.