Русия ба интиқоли сабзавоту мева аз Тоҷикистон 50% тахфиф ҷорӣ кард

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Идораи роҳи оҳани Русия муҳлати 50% тахфиф (камкунии нарх) барои интиқоли сабзавоту меваро аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дароз кард.

“Раёсати ҶСК “Роҳҳои оҳани Русия (РЖД) тахфифҳоро ба кашониндани як қатор борҳо барои соли оянда тамдид кард. Аз ҷумла, 50% тахфиф ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои соли 2023 боқӣ мемонад”, – иттилоъ медиҳад хабаргузории “РЖД-Партнер.ру”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2020 раёсати “РЖД” дар бораи поинравии сатҳи таърифаҳо (тарифҳо) ба боркашонӣ қарор қабул кард.

Аз ҷумла, аз 1 январи соли 2021 тахфифҳо ба андозаи 50% ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дар қатораҳои мансуб ба ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амал мекунанд. Ғайр аз ин, бастаи имтиёзҳои қаблан амалкунанда барои боркашонӣ дар рефконтейнерҳо (кконтейнерҳои муҷаҳҳаз бо яхдон) дар доираи васеи самтҳо нав карда шуд, зикр мекунанд дар “РЖД”.

Маълумот дар бораи қарордод бо “РЖД” дар бораи тахфифҳоро дар ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” тасдиқ карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, намояндагони онҳо айни замон дар Маскав қарор доранд.

Коэффисиенти поинмерафта бо шарти озод кардани “РЖД” аз пардохт барои истифода аз қатораҳои дорои рефконтейнерҳои мансуб ба “Роҳи оҳани Тоҷикистон” амал мекунад.

Ҳиссаи назаррасро дар таркиби содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон пиёз, хушкмева ва ангур ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки Русия пешниҳоди тахфифҳо барои боркашонӣ аз Тоҷикистонро аз соли 2013 оғоз кард. Ҳаҷми аввали он 12,8%-ро ташкил дода, то соли 2018 тадриҷан ба 50% расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 1 млрд 525 млн долларро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...