Reuters: Тоҷикистон ба механизми савдо бо рупия пайваст шудан мехоҳад

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи истифодаи механизми ҳисоббаробарӣ дар савдо бо рупияи Ҳиндустон гуфтушунид доранд, хабар медиҳад Reuters. Механизми мазкур имкон медиҳад, ки дар амалиёти молиявӣ (транзаксияҳо)-и байнулмилалӣ ба ивази доллар ва дигар асъори ҷаҳон рупия истифода шавад. Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз Тоҷикистон, дар ин маврид Куба, Люксембург ва Судон низ гуфтушунид дошта, инчунин […]

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи истифодаи механизми ҳисоббаробарӣ дар савдо бо рупияи Ҳиндустон гуфтушунид доранд, хабар медиҳад Reuters.

Механизми мазкур имкон медиҳад, ки дар амалиёти молиявӣ (транзаксияҳо)-и байнулмилалӣ ба ивази доллар ва дигар асъори ҷаҳон рупия истифода шавад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз Тоҷикистон, дар ин маврид Куба, Люксембург ва Судон низ гуфтушунид дошта, инчунин ба масъалаи мазкур Маврикия ва Шри-Ланка таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Бонки захиравии Ҳиндустон (RBI) механизми ҳисоббаробарӣ дар савдоро бо рупияи Ҳиндустон моҳи июли соли равон таҳия намуд.

“Ҳукумати Ҳиндустон ният дорад, ки ба ин механизм кишварҳоеро ҷалб намояд, ки дар онҳо доллар кофӣ нест, гуфтааст мансабдори давлатӣ ва як манбаъ аз ин соҳа, ки аз ин масъала огаҳ аст. Манбаъҳо аз ифшои ному насабашон худдорӣ қарданд, зеро ин масъала махфӣ аст”, – таъкид мешавад дар хабари Reuters.

Ҳамчунин дар бораи гуфтушунидҳо оид ба истифодаи ин механизм бо шарикони нисбатан бузургтари Ҳиндустон, аз ҷумла содиркунандагони муҳими нафт – Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб сухан меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон 113 млн долларро ташкил додааст, ки ба 1,7%  аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хорииҷии ҷумҳурӣ баробар аст. Ҳиссаи воридоти молу маҳсулот аз Ҳиндустон дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба 99,9%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.