Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 8 зина беҳтар шуд

Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рӯзи 22 декабр радабандии навбатии мунтахабҳои миллии футболро нашр кард, ки ҷамъбастӣ дар соли 2022 мебошад. Дар он мунтахаби миллии Тоҷикистон бо касби 1187,02 имтиёз зинаи 108-умро ишғол мекунад. Як сол пеш Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар зинаи 116-ум қарор дошт. Соли равон мунтахабиТоҷикистон таҳти роҳбарии муутахассиси хорват Петр Сегрт […]

Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рӯзи 22 декабр радабандии навбатии мунтахабҳои миллии футболро нашр кард, ки ҷамъбастӣ дар соли 2022 мебошад.

Дар он мунтахаби миллии Тоҷикистон бо касби 1187,02 имтиёз зинаи 108-умро ишғол мекунад. Як сол пеш Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар зинаи 116-ум қарор дошт.

Соли равон мунтахабиТоҷикистон таҳти роҳбарии муутахассиси хорват Петр Сегрт ҳамагӣ 9 вохӯрӣ гузаронида, дар 5 бозӣ ғолиб омад ва да 2 бозӣ ба бохт дучор шуда, 2 бозиро мусовӣ анҷом дод.

Мунтахаби Бразилия дар садри аввали радабандӣ боқӣ монд. Дар муқоиса бо радабандии пешина Аргентина ва Фаронса 1 мавқеъ боло рафта, зинаҳои 2 ва 3-юмро ишғол мекунанд. Иштирокчиёни вохӯрии нимфиналии Чемпионати ҷаҳон-2022 – Хорватия ва Марокаш низ мавқеи худро беҳтар намуда, аврупоиҳо мақоми 7-ум ва африқоиҳо зинаи 11-умро касб карданд.

Байни мунтахабҳои қораи Осиё Ҷопон (зинаи 20-ум) пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Эрон (24-ум), Кореяи Ҷанубӣ (25-ум) ва Австралия (27-ум) ҷойгиранд.

Миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Украина то зинаи 26-ум боло рафта, Русия то мақоми 37-ум поин рафт. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон пешсаф ва зинаи 77-умро ишғол намуда, Қирғизистон дар мақоми – 94-ум, Қазоқистон – 115-ум ва Туркманистон дар зинаи 135-ум қарор доранд.

Радабандии минбаъдаи ФИФА 6 апрели соли 2023 нашр мешавад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.