Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 сол равонаи зиндон гардид

Asia-Plus

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони соли ҷорӣ боздошт гардида буданд, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 7 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора имрӯз, 26-уми декабр, бародари рӯзноманигор Абдукарим Пирмуҳаммадзода ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардид ва додрас ҳукми Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро эълон кард.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода таъкид намуд, ки аз ҳукм норозианд ва аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ду ҳафта пеш айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон хоста буд.

Пас аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ, яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “зимни мурофиа Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам баромад кард ва ҳамаи айбҳое, ки аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ нисбаташ ироа гардид, рад намуд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола ва падари чор фарзанд моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст.

Мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи 13-уми октябр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуд ва ду ҳафта баъд аз оғози мурофаи ӯ дар номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи чаҳор журналисту блогнависи тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт ва аксари онҳо ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...