“Модари ду соҳил”. Тақдири зане, ки 30 сол боз дар Тоҷикистон “ноаён” зиндагӣ дорад

Ғунчагул Бурҳониддин зодаи Афғонистон аст ва сӣ сол пеш аз дасти Толибон фирор карда, ба Тоҷикистон омад. Ӯ то ҳол дар як рустои кӯчаки Дарвоз дар танҳоии комил ба сар мебарад. Духтари ягонааш шавҳар карда, ба деҳаи дигар рафт ва ин зан хешу табори дигар надорад. Ғунчагул ҳуҷҷат надорад – тӯли тамоми сӣ соли зиндагӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ғунчагул Бурҳониддин зодаи Афғонистон аст ва сӣ сол пеш аз дасти Толибон фирор карда, ба Тоҷикистон омад. Ӯ то ҳол дар як рустои кӯчаки Дарвоз дар танҳоии комил ба сар мебарад. Духтари ягонааш шавҳар карда, ба деҳаи дигар рафт ва ин зан хешу табори дигар надорад. Ғунчагул ҳуҷҷат надорад – тӯли тамоми сӣ соли зиндагӣ дар ин ҷо шиносномаи Тоҷикистонро нагирифтааст. Ин достони душворро дар филми мустанади «Модари ду соҳил» муаллифи асар, коргардони тоҷик, Одина Маҳмад нақл кардааст.

Ӯ ҳанӯз солҳои 90-ум аз дасти Толибон (ҳаракат дар рӯйхати созмонҳои террористӣ қарор дошта, фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) ба Тоҷикистон фирор кард. Тамоми хешовандони наздикаш кушта шуданд. Дар ин ҷо ба марди аз худаш хеле калонтар издивоҷ карда, як духтар таваллуд кард, вале ҳеч гуна ҳуҷҷат нагирифт. Шавҳараш муддатҳо пеш вафот карда буд. Духтараш баъд аз шавҳар карданаш хонаи модариашро тарк кард ва аз он замон Ғунчагул танҳо зиндагӣ мекунад.

Филмбардорӣ аз тақдири ин зан замоне оғоз гардид, ки дар он тарафи дарёи Панҷ аллакай байрақҳои сафеди Толибон ҷилвагар буд. Яъне, тобистони соли 2021 Бадахшони Афғонистон зери тасарруфи ҷунбиши Толибон афтод ва аз ҷониби Тоҷикистон низомиён марзҳои худро мустаҳкам карданд.

Барои ба навор гирифтани тамоми филм 15 рӯз лозим шуд. Ҳамсояҳояш одамони хеле мазҳабӣ буда, мухолифи дар филм иштирок кардани Ғунчагул буданд ва ба духтараш ҳам ин андеша на он қадар писанд омад. Бо вуҷуди ин, худи қаҳрамон тоқат кард, зеро вай воқеан умедвор буд, ки филм ба ӯ дар ҳалли масъалаи дарёфти ҳуҷҷат кӯмак мекунад. Вале то замони омода шудани филм Толибон билохира Афғонистонро ишғол карданд ва акнун сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ки мухолифи ҳукумати нав аст, наметавонад ба Ғунчагул кӯмак кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.