Филми “Дов” дар Калкутта ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ”-ро соҳиб шуд

Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз  ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст, дар ҷашнвораи байналмилалии синамои Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишваврҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардид. Дар ин бора Зайниддин Орифӣ, масъули кор бо ВАО-и “Суғдсинамо” ба “Азия-Плюс” хабар дод. Хотирнишон бояд намуд, ки қаблан филми […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз  ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст, дар ҷашнвораи байналмилалии синамои Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишваврҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардид. Дар ин бора Зайниддин Орифӣ, масъули кор бо ВАО-и “Суғдсинамо” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Хотирнишон бояд намуд, ки қаблан филми мазкур дар ҷашнвораи синамои миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардида буд. “Беҳтарин нақши мардона” низ ба Салоҳиддин Шукуров, иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ дар ин филм тақдим карда шуд.

Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои  тоҷик, мисли Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.  

Бояд гуфт, ки чанде пештар «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон (International Film Festival of India) дар шаҳри Гоа низ намоиш дода шуд.

Фестивали байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин ҷашнвора дар Осиё мебошад. Имсол дар ин ҷашнвора 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода шуд. 26 филми беҳтарини ин ҷашнвора барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябр, дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардид.

Филм дар бораи ду рафиқ Қаҳҳор (Абдумамин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале Қаҳҳор  аз сактаи қалб вафот мекунад.

Намоиши филми “Дов” вокунишҳоро дар пай дошт. Ҳарчанд он филм давоми як моҳ дар кинотеатри Ватан ба намоиш гузошта шуд, вале коргардони филм аз набудани тамошобин ва бетарафии аҳли зиё ба синамои миллӣ нигаронӣ кард. Баъди ин нафарони зиёде, аз ҷумла хабарнигори “Азия-Плюс” бардошти худро аз ин филм навишт ва дар пасманзари баҳси синамои миллӣ як “Ток шоу” ҳам омода ва нашр гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.