Прокурор барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон хостааст. Худи ӯ иттиҳомро рад кардааст

Ҳафтаи гузашта, прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, як рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 7 соли зиндон хостааст. Худи ӯ зимни баромадаш дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кардааст. Яке аз наздиконаш бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, дар мурофиаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, худи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам баромад кард ва ҳамаи айбҳое, […]

Asia-Plus

Ҳафтаи гузашта, прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, як рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 7 соли зиндон хостааст. Худи ӯ зимни баромадаш дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кардааст.

Яке аз наздиконаш бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, дар мурофиаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, худи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам баромад кард ва ҳамаи айбҳое, ки аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ нисбаташ ироа гардид, рад намуд.

“Вакили дифоъ ба ҳама айбҳое, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро гунаҳкор мекунанд, далел пешниҳод кард ва бегуноҳ будани ӯро собит кард. Вале тавре мебинем, аз ҷониби додрас ин далелҳо ба назар гирифта нашуд”, – гуфт манбаъи мо.

Муҳаббатшоҳ Баллаев, вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” талаби айбдоркунандаи давлатиро нисбати зерҳимояаш тасдиқ кард ва гуфт, дар бораи рӯзи эълони ҳукм чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, ки мурофиаи навбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) бидуни ширкати наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода баргузор шудааст. Дар он танҳо вакили дифоъ ширкат кардаасту халос.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола ва падари чор фарзанд моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст.

Мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи 13-уми октябр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуд ва ду ҳафта баъд аз оғози мурофаи ӯ дар номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи чаҳор журналисту блогнависи тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт ва аксари онҳо ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳоло танҳо баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода идома дорад ва интизор меравад имрӯз ё пагоҳ ҳукми ӯ низ хонда шавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.