Боздошти хонандагоне, ки як талабаи мактабро латукӯб кардаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе аз боздошти хонандагони чанд мактаби шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи 8-и пойтахтро латукӯб кардаанд.

Милитсияи пойтахт, аз хонандагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хонандагони мактабҳои  №77, №78 ва №57 буда, як хонандаи синфи 8-уми маткби №5-ро латукӯби шадид кардаанд ва ҷараёни латукӯбро ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.

“Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – омадааст дар иттилоия.

Дар бораи сабабу омили латукӯб чизе гуфта нашудааст.

Шоми 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон, ки зоҳиран хонандагони мактаб буданд, нашр гардид. Он миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард ва онҳо аз мақомоти дахлдор, махсусан милитсияи Душанбе дархост карданд, ки гунаҳкорон боздошт ва ҷазо дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки чанд пеш волидайни чанд духтари ноболиғ аз шаҳри Исфара, ки навори лаҳзаи латукӯби як духтари ноболиғ аз сӯи онҳо, боиси сару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) муҷозот гардида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...