Баҳси латукӯби пурсарусадои ноболиғ дар Исфара. Волидайн ҷазо мегиранд

Барои латукӯби як духтари ноболиғи 14-сола аз ҷониби ду духтари нобилиғи дигар (14 ва 16 – сола) дар Исфара, ки навори лаҳзаи латукӯб дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сару садои зиёд гашт, волидайни онҳо муҷозот мешаванд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Гуфта мешавад, ҳарчанд навор охири ҳафтаи гузашта […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Барои латукӯби як духтари ноболиғи 14-сола аз ҷониби ду духтари нобилиғи дигар (14 ва 16 – сола) дар Исфара, ки навори лаҳзаи латукӯб дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сару садои зиёд гашт, волидайни онҳо муҷозот мешаванд.

Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Гуфта мешавад, ҳарчанд навор охири ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, вале ҳодиса рӯзи 27-уми ноябри соли равон рух додааст.

Манбаъ гуфт, бар зидди волидайни се духтари ноболиғ, ду нафаре, ки як ноболиғи 14-соларо латукӯб карданд ва нафаре, ки рафти ҳодисаро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой кард, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Моддаи мазкур огоҳӣ ё таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (як нишондиҳанда 64 сомонӣ) пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфтанд, духтарони ноболиғ дар қайди шуъбаи кор бо ноболиғон гузошта шуданд.

Сабаби латукӯб як писарбача, дӯсти умумии духтарон будааст, шарҳ доданд аз раёсати ВКД дар Суғд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии лаҳзаи ҷанҷоли се духтари зоҳиран ноболиғ дар Исфара нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ду духтар як духтари дигарро шаттазанон  ва аз мӯяш кашида, ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин ҳам меафтад, вале боз зери мушту шатта қарор мегирад. Дар ниҳоят, он ду духтар ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Ин духтар бо овози тарсхӯрда ва гирёну нолон аз он ду нафар илтимос мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд.

Маълум нест, ки чӣ кори ин духтари ҷабрдида боиси чунин бадрафторӣ нисбат ба вай шудааст. Вале бисёриҳо дар зери ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафторро боз як аломати дигари уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеа номида, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, то ин духтаронро пайдо карда, барои ин “муҷозоти худсарона” ҷазо бидиҳанд.

Субҳи 18-уми декабр маркази матбуои шуъбаи якуми милитсияи шаҳри Исфара бо нашри як иттилоия хабар дод, ки шахсияти иштирокчиёни ин ҳодиса муайян гардид. Ҳамаи онҳо ноболиғ буда, ду духтари яке 14 ва дуюмӣ 16-сола як духтари 14-соларо чунин озор додаанд.

“Тахминан соатҳои 14:30 дақиқаи санаи 27.11.2022 сол ба кӯчаи Ибод Файзуллоеви шаҳри Исфара, рӯ ба рӯи ошхонаи “Лола”, якҷоя бо ҷабрдида Ш. рафта, бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зӯроварӣ ноболиғдухтарро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, баъди чанд рӯз гузаштан аз ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст”, – гуфта мешавад дар идомаи хабар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.