Як сокини Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш 11 сол равонаи зиндон шуд

Як сокини ноҳияи Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш, ки бо ӯ зиндагии якҷоя ва ду кӯдак доштанд, 11 сол равонаи зиндон шудааст. Маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки ҳодиса шаби рӯзи 24-уми августи соли равон рух дода, С. Муҳсидинов аз рӯи рашк ҳамсараш Шаҳноза Расуловаро, ки дар хонаи […]

Як сокини ноҳияи Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш, ки бо ӯ зиндагии якҷоя ва ду кӯдак доштанд, 11 сол равонаи зиндон шудааст.

Маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки ҳодиса шаби рӯзи 24-уми августи соли равон рух дода, С. Муҳсидинов аз рӯи рашк ҳамсараш Шаҳноза Расуловаро, ки дар хонаи волидайнаш зиндагӣ мекард, бо корди ошхонагӣ чанд зарба задааст.

“Рӯзи 25-уми августи соли 2022, соати 9:00 ҳангоми ба корҳои хона машғул шудани ҳамсараш Расулова Ш.М. аз набудани дигар аъзоёни хонаводаи Муҳсиддинов С.Г. истифода бурда, Расулова Ш.М.-ро дошта, ба ҳуҷраи манзили истиқоматӣ дароварда, бо корди дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳими охирин зада, бинобар доду фиғон бардоштани ҳамсараш аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки аз сабаби сари вақт ба беморхона интиқол додани Расулова Шаҳноза ва расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ӯ зинда мондааст.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Хуросон  аз 7 октябри соли 2022 Муҳсиддинов С.Г. бо моддаҳои 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор ва 11 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанд соли охир ҳодисаи куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар зиёд ба гӯш мерасад ва мақомот омилҳои онро рашку ҳасад ва тоб наовардан ба мушкилоти зиндагӣ мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.