Хонандагон 10 рӯз таътил мекунанд, омӯзгорон не

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз 1 то 10-уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи зимистона мераванд.

Эҳсони Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илм бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.

Ӯ гуфт, рӯзи 11-уми январ ҳамаи хонандагон ба дарс бармегарданд.

Ба таъкиди вай, дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва фанҳои риёзӣ, дақиқ ҷалб мешаванд.

“Инчунин, ба хонандагон  барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад”, – гуфт Эҳсон Сафарзода.

Вазорати маориф ва илм аз волидайн даъват кардааст, ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин, волидайн монеи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.

Сухангӯи вазорат гуфт, таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

“Дар ин давра дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки хонандагон ба онҳо омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр миёни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад”, – гуфт вай.

Хонандагон дар Тоҷикистон дар давоми соли таҳсил се  маротиба 10 рӯзӣ ва як маротиба дар ҷамъбатси сол ҳудуди 3 моҳ таътил мекунанд.

Дар гузашта реҷаи таътил дар мактабҳо баҳсҳои гуногунро ба бор оварда буд. Аз ҷумла, бори охир дар таътили моҳи ноябр баҳсе рӯй зад, ки  муҳлати таътили тирамоҳиро дароз кардаанд. Вале мақомот инро рад кард ва гуфт, хонандагон аз 1 то 10 ноябр таътил мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...