Темур Раҳимов дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо мақоми аввалро нигоҳ дошт

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) раддабанди варзишгаронро дар соли 2022 ҷамъбаст намуда, номи беҳтаринҳоро дар сомонаи худ интишор намуд, ки дар он Темур Раҳимов низ шомил аст. Темур Раҳимов, ки дар вазни беш аз 100 кг моҳи август ба зинаи аввал баромада буд, тавонистааст мавқеи худро ҳифз кунад. Раддабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо дирӯз, 27-уми декабр, […]

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) раддабанди варзишгаронро дар соли 2022 ҷамъбаст намуда, номи беҳтаринҳоро дар сомонаи худ интишор намуд, ки дар он Темур Раҳимов низ шомил аст.

Темур Раҳимов, ки дар вазни беш аз 100 кг моҳи август ба зинаи аввал баромада буд, тавонистааст мавқеи худро ҳифз кунад.

Раддабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо дирӯз, 27-уми декабр, дар сомонаи он интишор гардид.

Дар ҳоли ҳозир ин беҳтарин натиҷа миёни ҷудочиёни тоҷик дониста мешавад.

Дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо дар вазни то 60 кг варзишкори давлати Тайбей Ян Юнвэй мақоми якумро ишғол намудааст.

Дар вазни то 66 кг бошад, Денис Виеру аз кишвари Молдовия дар мақоми аввал аст.

Дар вазни то 73 кг варзишгари гурҷӣ Лаша Шавдатуашвилӣ пешсафи раддабандӣ аст.

Дар вазни то 81 кг низ варзишгари гурҷӣ Тато Григалашвили мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Дар вазни то 90 кг Давлат Бобонов аз Ӯзбекистон бештар аз ҳама хол ба даст оварда, ҷойи якумро соҳиб шудааст.

Дар вазни то 100 кг боз як намояндаи давлати Гурҷистон Илиа Суламанидзе дар садри раддабандӣ қарор дорад.

Миёни бонувон ҳам беҳтаринҳо барои соли 2022 мушаххас шудаанд.

Ҳамин тавр, дар вазни то 48 кг Ширин Букли аз Фаронса мақоми аввалро касб кардааст.

Дар вазни то 52 кг намояндаи Британияи Кабир Челси Ҷилс зинаи аввалро ишғол мекунад.

Дар вазни то 57 кг Христа Дегучи аз Канада ҷойи якумро соҳиб шудааст.

Дар вазни то 63 кг Люси Реншел аз Британия Кабир мақоми аввалро ишғол мекунад.

Дар вазни то 70 кг варзишгар аз Хорватия Барбара Матич дар ҷойи якум қарор дорад.

Дар вазни то 78 кг Агуар Майра аз кишвари Бразилия соҳиби мақоми аввал шудааст.

Дар вазни беш аз 78 кг бошад Дикко Романе аз давлати Фаронса дар ҷойи якум қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.