“Ворастагон”. Таҷлил аз 30-солагии факултети журналистикаи ДМТ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Таърихи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, андешаҳои аввалин декани факулта ва хотираҳои аввалин хатмкунандагони он, назари донишҷӯёни кунунии он дар як ҷаридаи вижае, ки хатмкунандагони ин боргоҳ ба муносибати 30-солагии он таҳти унвони “Ворастагон” таҳия намудаанд, гирдоварӣ гардидааст.

Ин ҷаридаи вижаи ҷашнӣ, ки бо теъдоди маҳдуд интишор ёфтааст, 23-юми декабр дастраси устодону донишҷӯёни факулта гардид, ки имсол 30-солагиашро таҷлил намуд.

"Ҷашннома” – ҷаридае, ки таҳиягаронаш чунин ном муаррифӣ кардаанд, аз 8 саҳифа иборат буда, дар саҳифаи аввали он Меҳрофарин Наҷибӣ, сардабар ва донишҷӯи курси 4-уми факултет бо номи “Фаровард ё савғо ба 30-солагӣ” дар робита ба фарқияту тағйироти даврони донишҷӯии наслашон аз дигар солҳо андешаронӣ кардааст.

Аз ҷумла гуфтааст, ки замони донишҷӯии онҳо бо бемории коронавирус ва “воҳима”-и он рост афтод ва ин чиз имкон надод, ки онҳо дар аввал бо ҳамкурсону омӯзгоронашон аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.

Ӯ аз фарқияти дигари замони донишҷӯияшон – тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ, ки кафедраҳои ҳарбиро дар донишгоҳҳо барҳам дод ва донишҷӯён ва магистрону аспирантон вазифадор шуданд, ки хизмати ҳарбӣ раванд, ёдовар шудааст. Ба навиштаи сардабир бебандубастӣ дар супоридани имтиҳонҳо, яъне ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва таҷлили 30-солагии факлетити журналистикаи ДМТ аз ҳаводиси хотирмони давраи донишҷӯии онҳо будааст.

Ҳамчунин, дар ин нашрияи ҷашнӣ назари чанде аз чеҳраҳои муваффақи факултет-хатмкардагони солҳои гуногуни он дар робита ба нақши факултети журналистика дар шахсият ва касбияти онҳо пурсида шудааст.

Мусоҳибаи Иброҳим Усмонов, нахустин декани факултети журналистикаи ДМТ дар мавриди таърихи пайдоиш, монеаҳо, дастовардҳо ва бурду бохти он аз маводҳои дигари ҷашннома мебошад.

Ҳамин тариқ, ҷашннома чанд маводи дигарро низ дар бар мегирад, ки дар робита ба ҳаёти донишҷӯёни факултет сухан мекунад. 

Муассисони ҷашннома гуфтаанд, ин як меҳрномаи онҳо ба ифтихори 30-солагии факултеташон аст ва умед доранд, ки насли дигари факултет нашри онро идома хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки имсол аз таъсиси факултети журналистикаи ДМТ 30 сол пур шуд. Қаблан ин факулта ҳамчун шуъбаи факултаи филология тоҷики ДМТ вуҷуд дошт ва моҳи августи соли 1992 аз ин факулта ҷудо ва факултаи алоҳида гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...