“Ворастагон”. Таҷлил аз 30-солагии факултети журналистикаи ДМТ

Таърихи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, андешаҳои аввалин декани факулта ва хотираҳои аввалин хатмкунандагони он, назари донишҷӯёни кунунии он дар як ҷаридаи вижае, ки хатмкунандагони ин боргоҳ ба муносибати 30-солагии он таҳти унвони “Ворастагон” таҳия намудаанд, гирдоварӣ гардидааст. Ин ҷаридаи вижаи ҷашнӣ, ки бо теъдоди маҳдуд интишор ёфтааст, 23-юми декабр дастраси устодону донишҷӯёни факулта гардид, […]

Таърихи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, андешаҳои аввалин декани факулта ва хотираҳои аввалин хатмкунандагони он, назари донишҷӯёни кунунии он дар як ҷаридаи вижае, ки хатмкунандагони ин боргоҳ ба муносибати 30-солагии он таҳти унвони “Ворастагон” таҳия намудаанд, гирдоварӣ гардидааст.

Ин ҷаридаи вижаи ҷашнӣ, ки бо теъдоди маҳдуд интишор ёфтааст, 23-юми декабр дастраси устодону донишҷӯёни факулта гардид, ки имсол 30-солагиашро таҷлил намуд.

"Ҷашннома” – ҷаридае, ки таҳиягаронаш чунин ном муаррифӣ кардаанд, аз 8 саҳифа иборат буда, дар саҳифаи аввали он Меҳрофарин Наҷибӣ, сардабар ва донишҷӯи курси 4-уми факултет бо номи “Фаровард ё савғо ба 30-солагӣ” дар робита ба фарқияту тағйироти даврони донишҷӯии наслашон аз дигар солҳо андешаронӣ кардааст.

Аз ҷумла гуфтааст, ки замони донишҷӯии онҳо бо бемории коронавирус ва “воҳима”-и он рост афтод ва ин чиз имкон надод, ки онҳо дар аввал бо ҳамкурсону омӯзгоронашон аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.

Ӯ аз фарқияти дигари замони донишҷӯияшон – тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ, ки кафедраҳои ҳарбиро дар донишгоҳҳо барҳам дод ва донишҷӯён ва магистрону аспирантон вазифадор шуданд, ки хизмати ҳарбӣ раванд, ёдовар шудааст. Ба навиштаи сардабир бебандубастӣ дар супоридани имтиҳонҳо, яъне ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва таҷлили 30-солагии факлетити журналистикаи ДМТ аз ҳаводиси хотирмони давраи донишҷӯии онҳо будааст.

Ҳамчунин, дар ин нашрияи ҷашнӣ назари чанде аз чеҳраҳои муваффақи факултет-хатмкардагони солҳои гуногуни он дар робита ба нақши факултети журналистика дар шахсият ва касбияти онҳо пурсида шудааст.

Мусоҳибаи Иброҳим Усмонов, нахустин декани факултети журналистикаи ДМТ дар мавриди таърихи пайдоиш, монеаҳо, дастовардҳо ва бурду бохти он аз маводҳои дигари ҷашннома мебошад.

Ҳамин тариқ, ҷашннома чанд маводи дигарро низ дар бар мегирад, ки дар робита ба ҳаёти донишҷӯёни факултет сухан мекунад. 

Муассисони ҷашннома гуфтаанд, ин як меҳрномаи онҳо ба ифтихори 30-солагии факултеташон аст ва умед доранд, ки насли дигари факултет нашри онро идома хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки имсол аз таъсиси факултети журналистикаи ДМТ 30 сол пур шуд. Қаблан ин факулта ҳамчун шуъбаи факултаи филология тоҷики ДМТ вуҷуд дошт ва моҳи августи соли 1992 аз ин факулта ҷудо ва факултаи алоҳида гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.