“Шароит мусоид нест”. Иҷрои қонун дар бораи суғуртаи тиббӣ ба таъхир афтод

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вакилони парлумони Тоҷикистон муҳлати мавриди амал қарор гирифтани қонун Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бори панҷум ба таъхир андохтанд. Дар ин бора нашрияи парлумонии «Садои мардум» хабар медиҳад.

Қонуни мазкур бояд аз 1-уми январи соли 2023 мавриди амал қарор мегирифт, аммо вакилони парлумон бо ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳлати мавриди амал қарор гирифтани онро бори дигар ба таъхир андохтанд.

Ба иттилои манбаъ, Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷаласаи 29-уми декабри соли 2022 дар парлумон гуфтааст, тибқи хулосаи гурӯҳи кории байниидоравӣ айни замон барои гузариши пурра ба низоми суғуртаи тиббӣ дар ин кишвар шароити мусоид вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҷорӣ намудани низоми суғуртаи тиббӣ бояд талаботи дахлдори иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ ба назар гирифта шавад.

Муҳсинзода дар ин замина афзудааст, ки тибқи хулосаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҳолати аз ҳисоби меъёри амалкунандаи андози иҷтимоӣ пардохт намудани ҳаққи суғуртаи тиббӣ эҳтимолияти кам шудани даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вуҷуд дошта, ин метавонад, боиси иҷро нагардидани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди аҳолӣ гардад.

“Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон доданд, ки барои ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағи зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ бояд на кам аз 4 то 6 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохили (ММД)-ро ташкил диҳад. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон 4,4 дарсад, Қирғизистон – 4,2, Туркия – 4,5, Молдова – 5,6, Полша – 5,7, Эстония – 5,9 ва Ӯзбекистон – 3,5 дарсадро ташкил медиҳад. Айни ҳол буҷети соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2,8 дарсади ММД буда, дар маҳалҳо 80-90 фоизи онро музди меҳнати кормандон ташкил медиҳад”, – шарҳ додааст муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 июни соли 2008 қабул шуда, бояд аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор мегирифт. Аммо бо сабаби сатҳи шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии нокифояи вазорату идораҳои дахлдор дар заминаи созмон додани низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ, номуайянӣ дар манбаъ ва ҳаҷми пардохти ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ, норасоии маблағҳои буҷетӣ барои пардохт намудани ҳаҷми хидматрасонии тиббӣ ба гурӯҳҳои имтиёзнок ва бекорон аз ҷониби буҷети давлатӣ иҷрои қонуни мазкур то имрӯз чор маротиба (солҳои 2010, 2014, 2017 ва 2022) мавқуф гузошта шуда буд.

Бояд гуфт, суғуртаи ҳатмии тиббӣ як намуди суғуртаи иҷтимоиест, ки имконият медиҳад шаҳрвандон аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии тиббӣ бо кумаки тиббӣ ва доруворӣ таъмин карда шаванд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, соли 2022 аз буҷаи давлати Тоҷикистон барои соҳаи тандурустӣ дар ин кишвар 2 миллиарду 882 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ба 2,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...