ВАО: Шаби Соли нав дар Санкт-Петербург ва Маскав ҳудуди 2 ҳазор муҳоҷир боздошт шуданд

Шаби Соли нави мелодӣ кормандони пулис дар маркази шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 2 ҳазор нафар, асосан зодагони кишварҳои хориҷи наздикро боздошт намуданд, хабар медиҳад “Фонтанка” бо истинод ба Сарраёсати ВКД. Дар хадамоти матбуот ба нашрия хабар додаанд, ки шаби Соли нав “ба хотири таъмини амнияти одамон, пешгирии танбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ” равуо ба майдони Двортсовий […]

Шаби Соли нави мелодӣ кормандони пулис дар маркази шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 2 ҳазор нафар, асосан зодагони кишварҳои хориҷи наздикро боздошт намуданд, хабар медиҳад “Фонтанка” бо истинод ба Сарраёсати ВКД.

Дар хадамоти матбуот ба нашрия хабар додаанд, ки шаби Соли нав “ба хотири таъмини амнияти одамон, пешгирии танбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ” равуо ба майдони Двортсовий маҳдуд шуда буд.

“Дар рафти санҷиш ҳолатҳои сершумори нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор ва вобаста ба онҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуданд”, – гуфтаанд дар мақомоти пулис.

Дар Сарраёсати ВКД зикр кардаанд, ки ҳангоми чорабиниҳои идона дар майдони Двортсовий “зиёда аз даҳҳо талоши истифодаи маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ) пешгирӣ шуд”, ки дар ҳолати издиҳоми зиёди мардум фоҷеабор шуда метавонист.

Навори видео ва суратҳои боздоштро дар Петербург қаблан “Фонтанка” ба нашр расонид. Ҳамчунин дар наворҳои телеграм-канали SOTA дида мешавад, ки кормандони сохторҳои қудратӣ одамонро дар Маскав боздошт мекунанд. Сарраёсати ВКД дар бораи ҳолатҳои боздошт хабар надод.

Хабаргузории РБК барои шарҳи масъала ба хадамоти матбуоти Саррраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат намуда, ба Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав дар ин хусус дархост фиристод.

Рӯзи 30 декабр Департаменти амнияти минтақавӣ ва муқовимат бо коррупсияи Маскав хабар дода буд, ки аз соати 17:00-и 31 декабр то 07:00-и 1 январ ҳукумати Маскав равуо ба Майдони Сурхро маҳдуд мекунад. Ин тадбир вобаста ба вазъи марбут ба коронавирус рӯйи даст гирифта шуд. Зикр шуда буд, ки маҳдудиятҳо инчунин ба "амалисозии чораҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҷамъшавии издиҳоми зиёди мардум" марбут буданд.

Дар ҳамин ҳол, ТАСС хабар дода буд, ки дар давраи истироҳати солинавӣ дар Маскав баргузории тадбирҳои назорату пешгирӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба онҳо кормандони пулис ва намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.