Аз ҳама бештар дар Панҷакенту Исфараву Куҳистони Мастчоҳ. 767 ҳодисаи фавқулода дар Суғд

Соли 2022 дар ҳудуди вилояти Суғд 767 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии зарари расонидашуда аз ин ҳисоб 7 миллиону 644 ҳазору 371 сомониро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри иттилоъ аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, […]

Соли 2022 дар ҳудуди вилояти Суғд 767 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии зарари расонидашуда аз ин ҳисоб 7 миллиону 644 ҳазору 371 сомониро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри иттилоъ аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ашт, Б.Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра 13 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ менависад, ки сардорони шуъбаҳои Исфара ва  Бобоҷон Ғафуров доир ба барқарорсозии манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои байнисарҳадӣ зарардида, сари вақт расонидани кумакҳои ҳукумати кишвар ба оилаҳои зарардида маълумоти муфассал пешниҳод кардааст.

“Сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ба фаъолияти пурсамар дар ин самт дар семоҳаи аввали соли 2023  доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани техникаҳои муҳандисӣ, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо,таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ,  захира намудани маводи хӯрока, сузишворӣ ва доруворӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмони манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардида ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ таъкид намуд”, – хабар медиҳад ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, соли 2022 дар кишвар чанд офати табиӣ ба амал омад, ки боиси зарар ба ҷону моли аҳолӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.