“Издивоҷи шумо қалбакист”. Дар Калуга 2 ҳазор нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд

Дар вилояти Калуга ҳудуди 2000 нафарро бар асоси издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Дар ин бора 28-уми декабри соли 2022 губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша дар мулоқот бо сармуҳаррирони расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, менависад хабаргузории Красная Весна. Бино ба иттилои ин расона, Владислав Шапша гуфтааст, ки теъдоди иҷозатнома барои шаҳрвандӣ нисбат ба солҳои қаблӣ […]

Дар вилояти Калуга ҳудуди 2000 нафарро бар асоси издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Дар ин бора 28-уми декабри соли 2022 губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша дар мулоқот бо сармуҳаррирони расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, менависад хабаргузории Красная Весна.

Бино ба иттилои ин расона, Владислав Шапша гуфтааст, ки теъдоди иҷозатнома барои шаҳрвандӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар кам шудааст.

Губернатори вилояти Калуга ҳамчунин гуфтааст, ки ин минтақа ширкат дар барномаи дарёфти шаҳрвандиро қатъ кардааст.

“Мо якҷоя бо прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тафтиши ақди никоҳҳои қалбакӣ корҳои зиёде анҷом додем. Дар тӯли ин шаш моҳ тақрибан 2000 нафар бо сабаби издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии худ маҳрум шуданд”, – гуфтааст Шапша.

Роҳбари вилоят ҳамчунин дар бораи вокуниши афроде, ки бо роҳи издивоҷ барои гирифтани шаҳрвандӣ талош мекунанд, гуфтааст: “Ҳоло хориҷиҳо дарк кардаанд, ки ин роҳ бастааст. 73 аризае, ки чанде пештар ба идораи САҲШ пешниҳод дода шуда буд, сабт нагардиданд. Сабаб маълум аст”.

Гуфтан ба маврид аст, ки издивоҷ бо шаҳрванди Русия яке аз роҳҳои осони ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар мебошад, ки бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон аз он истифода мекунанд. Русия солҳои охир назорат аз болои дастрас кардани шаҳрвандии ин кишвар тариқи издивоҷро пурзӯр карда, мақомоти ин давлат баъзан аз ошкор шудани издивоҷҳои қалбакӣ иттилоъ медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.