Ба яке огоҳӣ доданд, дуввумиро аз кор ронданд. Ҷазои ду ронанда барои баҳси ноҷо ва тамбашавии роҳ

Нисбати ду ронандаи хатсайри микроавтобуси №2, ки бо таваққуфи нодуруст боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳ гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида шудааст: ба яке огоҳӣ дода, дуввумиро аз кор рондаанд. “Душанбенақлиётхадамотрасон” ниҳоде, ки хидматрасониҳои нақлиётро дар пойтахт танзим мекунад, бо нашри як иттилоия аз ронандагон Шодмон Одинаев ва Умед Содиқов ном бурд, ки қоидаҳои ҳамлу нақли […]

Нисбати ду ронандаи хатсайри микроавтобуси №2, ки бо таваққуфи нодуруст боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳ гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида шудааст: ба яке огоҳӣ дода, дуввумиро аз кор рондаанд.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” ниҳоде, ки хидматрасониҳои нақлиётро дар пойтахт танзим мекунад, бо нашри як иттилоия аз ронандагон Шодмон Одинаев ва Умед Содиқов ном бурд, ки қоидаҳои ҳамлу нақли мусофиркашониро риоя накарда, воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои номуайян таваққуф ва бо ҳамдигар баҳс кардаанд, ки дар натиҷа ба дигар иштирокдорони ҳаракат дар роҳ халал эҷод гардида, тамбашавии роҳ ба миён омадааст.

Манбаъ гуфт, дар асоси бандҳои дахлдори шартномаи тарафайн ба Шодмон Одинаев огоҳӣ дода шуда, Умед Содиқов, ки қаблан ба чунин камбудиҳо роҳ дода буд, шартномаи яктарафа қатъ ва фаъолияти мусофирбарии ӯ дар хатсайри мазкур боздошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки навори гузоштани нақлиёти худ дар ҷой номуайяншуда ва бо ҳамдигар баҳс намудани ронандагон, ки боиси тамбашавии роҳ гардид, чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид ва соҳибони навор аз мақомот хостанд нисбати онҳо ҷораҷӯи кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.