“Варзишгоҳе бо номи Пеле дар Тоҷикистон”. ФФТ гуфт, баъди муроҷиати ФИФА пешниҳодро баррасӣ мекунад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар хусуси даъвати ФИФА оид ба номгузории яке аз варзишгоҳҳо ба номи Пеле, шоҳи футболи ҷаҳон, гуфт, ки дар сурати дастрас кардани мактуби расмӣ, ин масъаларо баррасӣ мекунад.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар маросими дафни Пеле аз ҳама кишварҳои ҷаҳон ва аъзоёни ФИФА дархост кард, ки як варзишгоҳ ё иншооти футбол ба номи ӯ гузошта шавад.

“Пешниҳод мекунам, ки дар 211 иттиҳодияи аъзои ФИФА ҳадди аққал як варзишгоҳ ё иншооти футбол ба номи Пеле гузошта шавад”, – гуфт Ҷанни Инфантино.

Президенти ФИФА афзуд, ки майдони назди қароргоҳи худ дар Сюрихро “Эстадио Пеле” хоҳем гузошт ва ба дигарон намуна хоҳем шуд.

Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз ин пешниҳод хабар доранд, вале дар ин хусус расман муроҷиате нашудааст.

Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ ба “Азия-Плюс” гуфт, ин масъала дар маҷлиси навбатӣ баррасӣ хоҳад шуд.

“То ба ҳол аз ФИФА мактуби расмӣ дастрас нагардидааст ва Федератсияи футболи Тоҷикистон танҳо дар сурати мактуби расмӣ равон кардани ФИФА ин масъаларо баррасӣ мекунад”, – гуфт Фаридун Солиев.

Дар ин баробар, сухангӯи ФФТ афзуд, ки ҳама майдонҳои кишвар давлатӣ аст ва ба ниҳодҳои гуногуни давлатӣ вогузор шудааст.

“Федератсияи футболи Тоҷикистон дар назди худаш ягон майдон надорад ва дар бозиҳо ҳама майдонҳоро ба иҷора мегирад. Аммо агар ФИФА мактуби расмӣ фиристад, ин масъала ҳатман баррасӣ мешавад”, – таъкид кард Фаридун Солиев.

Э‌дсон Ара‌нтис ду Насиме‌нту, ситораи пешини тими миллии футболи Бразилия ва бошгоҳи Сантос, устураи футболи ҷаҳон, се карат қаҳрамони ҷаҳон ва шоҳи футбол дар қарни гузашта, ки бо номи Пеле шӯҳратёр гашта буд, 29-уми декабр, дар синни 82 солагӣ даргузашт.

Пеле 23-юми октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Корасойнси Бразилия таваллуд шудааст. Устоди аввалини ӯ падараш буд. Падари Пеле ҳам футболбоз буд, аммо бо сабаби ҷароҳат барвақт аз футболбозӣ дур шуд ва тамоми орзуҳои худро дар фарзанди худ меҷуст.

Мавсуф соли 1957 дар синни 16-солагӣ ба тими миллии футболи Бразилия даъват гардид ва аввалин бозии худро гузаронид. Ӯ дар тими миллӣ дар умум 15 сол ҳунарнамоӣ кард.

Ин устураи футбол дар соли 1978 ҷоизаи сулҳи байналмилалиро дарёфт кард ва дар сол 1980 тавассути нашрияи варзишии фаронсавии L’Equipe ба унвони варзишкори қарн муаррифӣ шуд.

Бояд гуфт, ки бештари коршиносон аз ӯ ба унвони беҳтарин бозикуни таърихи футбол ёд мекунанд ва соири ситораҳои футбол барои арзёбии мизони муваффақиятҳояшон бо Пеле муқоиса мешаванд.

Пеле мулаққаб ба «марвориди сиёҳ» буд ва пас аз ин қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия ба унвони як ганҷи миллӣ муаррифӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Пеле дар тамоми давраи футболи худ дар ҳайати даста 757 ва дар тими миллии Бразилия 77 гол задааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...