Афғонистон ноамнтарин кишвари ҷаҳон дар соли 2022. Вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон беҳтар шудааст.

Тоҷикистон дар гузориши Шохиси ҷаҳонии сулҳ (GPI) барои соли 2022 дар байни 163 кишвар мақоми 92-умро ишғол кардааст. Ин 5 зина болотар аз соли 2021 мебошад. Тибқи гузориши ахири Шохиси ҷаҳонии сулҳ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо ишғоли мақоми 86-ум амнтарин кишвар муаррифӣ гардидааст. Ҳамин тавр, дар ин шохис Қирғизистон дар ҷойи 91-ум, Қазоқистон  […]

Тоҷикистон дар гузориши Шохиси ҷаҳонии сулҳ (GPI) барои соли 2022 дар байни 163 кишвар мақоми 92-умро ишғол кардааст. Ин 5 зина болотар аз соли 2021 мебошад.

Тибқи гузориши ахири Шохиси ҷаҳонии сулҳ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо ишғоли мақоми 86-ум амнтарин кишвар муаррифӣ гардидааст.

Ҳамин тавр, дар ин шохис Қирғизистон дар ҷойи 91-ум, Қазоқистон  дар ҷойи 97 ва Туркманистон дар ҷойи 104-ум қарор доранд.

Ин арзёбӣ, ки рӯзи душанбе, 2-юми январ, нашр шуд, вазъияти амниятии 163 кишвари ҷаҳонро баррасӣ кардааст.

Дар ин шохис Исландия амнтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст. Дар даҳгонаи амнтарин кишварҳои ҷаҳон ҳамчунин, Зеландияи Нав, Ирландия, Дания, Австрия, Португалия, Словения, Чехия, Сингапур ва Ҷопон ворид гардидаанд.

Эстония-мақоми 33-юм, Латвия-мақоми 35-ум ва Литва–мақоми 37-умро соҳиб шуда, амнтарин кишварҳо дар паҳнои Иттиҳоди Шуравии собиқ муаррифӣ шудаанд.

Афғонистон ноамнтарин кишвари ҷаҳон унвон шудааст. Ин давлат дар зинаи 163-юм қарор дорад. Ин маротибаи 6-ум аст, ки Афғонистон пайиҳам ноамнтарин кишвар дар ҷаҳон эътироф мегардад.

Дар даҳгонаи ноамтарин кишварҳои ҷаҳон Яман, Сурия, Русия, Судони Ҷанубӣ, ҶД Конго, Ироқ, Сомалӣ, ҶМ Африқо ва Судон шомил шудаанд.

Украинаи ҷангзада бошад дар мақоми 153-юм қарор дорад.

Шохиси ҷаҳонии сулҳ афзудааст, ки вазъи амниятии 90 кишвари ҷаҳон беҳбуд ёфта ва 71 кишвари дигар ноамнтар шудаанд.

Шохиси ҷаҳонии сулҳ гузоришест, ки тавассути Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ таҳия гардида, мавқеияти нисбии сулҳомез будани кишварҳо ва манотиқро месанҷад. Бар асоси гузориши Шохиси ҷаҳонии сулҳ дар даҳсолаи ахир кишварҳои ҷаҳон нисбат ба сулҳ бештар ба хушунат рӯ овардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.