Сокинони Душанбе метавонанд дар бораи содир шудани ҷиноят аризаи электронӣ диҳанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе қабули аризаҳои аҳолиро дар робита ба содир гардидани ҷиноят ба таври электронӣ ба роҳ мондааст. Акнун сокинони пойтахт метавонанд, ба шуъбаи корҳои дохилӣ нарафта, ба воситаи барномаи махсус, оид ба содир гардидани ҷиноят ва арзу шикоятҳои худ тариқи электронӣ ариза супоранд ва раванди баррасии онро назорат кунанд. […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе қабули аризаҳои аҳолиро дар робита ба содир гардидани ҷиноят ба таври электронӣ ба роҳ мондааст. Акнун сокинони пойтахт метавонанд, ба шуъбаи корҳои дохилӣ нарафта, ба воситаи барномаи махсус, оид ба содир гардидани ҷиноят ва арзу шикоятҳои худ тариқи электронӣ ариза супоранд ва раванди баррасии онро назорат кунанд.

Аз ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфтанд, он дар доираи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ гардида, дар назди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД фаъол шудааст.

 “Сокинони шаҳри Душанбе метавонанд маълумоти иловагиро дар бораи истифодаи барномаи мазкур тариқи рақами содаи 19 00 ё линки мазкур дастрас намоянд”, – гуфтанд аз ВКД.

Аз ин ниҳод гуфтанд, айни ҳол бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла суст будани суръати Интернет, линк ва рақами соддакардашуда фаъол нест, вале мутахассисони онҳо барои бартараф кардани мушкилиҳо кор карда истодаанд ва он рӯзҳои наздик фаъол мешавад.

Гуфта мешавад, ки он дар марҳилаи аввал танҳо барои сокинони пойтахт роҳандозӣ шудааст ва дар сурати татбиқи муваффақона дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, мақсади асосии ислоҳоти милитсияро ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имконияти аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода шавад.

“Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоат, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардаанд, мубориза барем”, – гуфтанд аз ВКД.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” қабул гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.