Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ: “Ба боздоштҳои худсарона хотима диҳед”

Asia-Plus

Дар соли ҷашни 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар Комиссари олии СММ Фолкер Тюрк аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба таҷрибаи боздоштҳои худсарона хотима бахшанд.

“Оғози соли навро бо аҳли оилаам таҷлил карда, дар бораи онҳое фикр кардам, ки наздиконашон барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ранҷ мекашанд, – гуфт ӯ. – Инҳо одамоне мебошанд, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тағйирёбии иқлим кор мекунанд”.

Ба гуфтаи ӯ, “инҳо касоне ҳастанд, ки табъизро маҳкум карда, мухолифи суиистифода ва фасод садо баланд мекунанд. Инҳо рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башаре ҳастанд, ки барои иҷрои корҳои муҳим зиндонӣ шудаанд”.

“Дар оғози соли 75-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз ҳукуматҳо ва тамоми мақомоти ҳокимияти саросари ҷаҳон даъват менамоям, ки ҳамаи онҳоеро, ки барои истифода аз ҳуқуқҳои худ боздошт шудаанд, афв кунанд, гуноҳашонро бахшанд ё ба таври одӣ озод кунанд, – таъкид доштааст Тюрк.

“Ба дилҳои худ назар андозед, парвандаҳои онҳоро бозбинӣ ва интихоби дуруст кунед: имсолро аз ба ҳаёт табтиқ намудани афкори  Эъломияи умумиҷаҳонӣ оғоз кунед. Ин ҷаҳонест, ки дар он ҳама одамон озоду баробар зиндагӣ мекунанд, шаъну шараф ва ҳуқуқи якдигарро эҳтиром мекунанд”, – илова кардааст ҳомии ҳуқуқи СММ.

Рӯзи 10 декабри соли 2023 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Эъломияро намояндагони тамоми минтақаҳои ҷаҳон навишта ва қабул кардаанд, ки паёми асосии он ҳуқуқи инсон умумибашарӣ, тақсимнашаванда ва асоси сулҳу тараққиёт мебошад.

“Аз ҳамаи онҳое, ки сари қудратанд, даъват менамоям, ки Эъломияро дар ҳаёт татбиқ кунанд ва ба боздоштҳои худсарона қатъияну батамом хотима бахшанд”, – таъкид доштааст Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...