Мусодираи 8 кило маводи нашъаовар дар ноҳияи Панҷ

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кормандони милитсия 8 кило маводи нашъаоваррро дарёфт ва мусодира намуданд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони маҳаллӣ – Ғайрат Зоидови 36-сола ва Раҳмоналӣ Мавлонови 35-сола боздошт шудаанд. “Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии […]

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кормандони милитсия 8 кило маводи нашъаоваррро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони маҳаллӣ – Ғайрат Зоидови 36-сола ва Раҳмоналӣ Мавлонови 35-сола боздошт шудаанд.

“Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Ғайрат Зоидов зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари навъи “ҳашиш” ва аз дохили бағоҷи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-и Раҳмоналӣ Мавлонов 747 гр маводи психотропии навъи «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд”, – хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбарон пайваста ба хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул буда, бо ин роҳ манфиат ба даст меоваранд.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел бо моддаи 200, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маводи психотропӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин модда то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.