Дар Ӯзбекистон таътили зимистонаи мактабхонҳо тамдид шуд

Asia-Plus

Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Дар ин бора Kun.uz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати маорифи халқии ин кишвар хабар медиҳад.

“Мувофиқи протоколи ҷаласаи дахлдори ҳукумат, дар робита ба босуръат поинравии ҳарорати ҳаво таътили зимистонаи толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ то 19 январи соли ҷорӣ дароз карда мешавад”, – зикр мешавад дар хабар.

Дарсҳое, ки аз 11 то 17 январ пешбинӣ шудаанд, дар давоми соли хониш ба таври фишурда таълим дода мешаванд. Ба ин тариқ, чоряки сеюми соли хониш рӯзи 18 январ оғоз мегардад.

Таътили зимистона бояд 14 рӯзи тақвимӣ, то 10 январи соли 2023 давом мекард. Оғози чоряки сеюм рӯзи 11 январ муқаррар шуда буд.

Тавре ки қаблан ВАО хабар дода буданд, эҳтимол меравад, ки рӯзҳои наздик ҳарорат дар Ӯзбекистон то ба 30 дараҷа хунук мерасад.

Қобили зикр аст, ки ин рӯзҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳаво хунук мешавад, лекин на ба он қадр шадид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...