Дар Ӯзбекистон таътили зимистонаи мактабхонҳо тамдид шуд

Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Дар ин бора Kun.uz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати маорифи халқии ин кишвар хабар медиҳад. “Мувофиқи протоколи ҷаласаи дахлдори ҳукумат, дар робита ба босуръат поинравии ҳарорати ҳаво таътили зимистонаи толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ то […]

Asia-Plus

Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Дар ин бора Kun.uz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати маорифи халқии ин кишвар хабар медиҳад.

“Мувофиқи протоколи ҷаласаи дахлдори ҳукумат, дар робита ба босуръат поинравии ҳарорати ҳаво таътили зимистонаи толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ то 19 январи соли ҷорӣ дароз карда мешавад”, – зикр мешавад дар хабар.

Дарсҳое, ки аз 11 то 17 январ пешбинӣ шудаанд, дар давоми соли хониш ба таври фишурда таълим дода мешаванд. Ба ин тариқ, чоряки сеюми соли хониш рӯзи 18 январ оғоз мегардад.

Таътили зимистона бояд 14 рӯзи тақвимӣ, то 10 январи соли 2023 давом мекард. Оғози чоряки сеюм рӯзи 11 январ муқаррар шуда буд.

Тавре ки қаблан ВАО хабар дода буданд, эҳтимол меравад, ки рӯзҳои наздик ҳарорат дар Ӯзбекистон то ба 30 дараҷа хунук мерасад.

Қобили зикр аст, ки ин рӯзҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳаво хунук мешавад, лекин на ба он қадр шадид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.