Дар парвандаҳои эътирозҳои моҳи январ дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, – додситони кулли Қазоқистон

Asia-Plus

Дар парвандаҳои рӯйдодҳои моҳи январ дар Қазоқистон шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд, хабар додааст додситони куллии Қазоқистон Берик Асилов.

Тавре ки КазТАГ хабар медиҳад, ӯ изҳор намудааст, ки дар бетартибиҳои оммавӣ ва дигар ҷиноятҳо хориҷиён низ ба сифати гумонбарон эътироф шудаанд.

“Миёни онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд”, – гуфтааст Асиов рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи маҷлис.

Дар бораи дигар ҷузъиёти иштироки хориҷиён дар рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 ӯ чизе нагуфтааст.

Ӯ таъкид доштааст, ки миёни боздоштшудаҳо ҳашт нафар аз пайравони ҷараёнҳои тахрибкоронаи мазҳабӣ низ ҳастанд.

Асилов зикр кардааст, ки дар парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои январ 573 нафар маҳкум шудаанд, аз ҷумла дар ду парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ.

Ба гуфтаи додситони кулл, то кунун 18 созмондиҳандаи ошӯб ошкор шуда, парвандаи 13 нафари онҳо аллакай дар баррасии додгоҳ аст.

Вокуниши кишварҳо чӣ гуна аст?

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар робита ба ин масъала изҳорот омода мекунанд.

“Вобаста ба ин масъала мо изҳорот омода кардем, ки ояндаи наздик ба нашр мерасонем”, – хабар доданд дар Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки АКИпресс хабар медиҳад, ВКХ Қирғизистон аллакай ба ин хабар вокуниш нишон дода, “ба кадом гунае даст доштани шаҳрвандони Қирғизистонро ба рӯйдодҳои фоҷеабори соли гузашта дар Қазоқистон қатъиян рад мекунад”.

“Масъулият ва гуноҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон исбот нашудааст. Ҳеҷ як шаҳрванди Қирғизистон дар Қазоқистон на дар гирдиҳамоиҳо ва на дар тазоҳуроти оммавӣ ва ғоратгарӣ ширкат накардааст”, – зикр мешавад дар изҳороти ВКХ Қирғизистон дар ин робита.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон аввали моҳи январи соли гузашта баргузор шуданд. Дар ҷараёни онҳо 238 нафар, аз ҷумла 19 нафар кормандони пулис ва ҳарбиён ҳалок шуда, 4353 нафар, аз ҷумла 3393 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ захмӣ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...