Дар парвандаҳои эътирозҳои моҳи январ дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, – додситони кулли Қазоқистон

Дар парвандаҳои рӯйдодҳои моҳи январ дар Қазоқистон шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд, хабар додааст додситони куллии Қазоқистон Берик Асилов. Тавре ки КазТАГ хабар медиҳад, ӯ изҳор намудааст, ки дар бетартибиҳои оммавӣ ва дигар ҷиноятҳо хориҷиён низ ба сифати гумонбарон эътироф шудаанд. “Миёни онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд”, – гуфтааст […]

Дар парвандаҳои рӯйдодҳои моҳи январ дар Қазоқистон шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд, хабар додааст додситони куллии Қазоқистон Берик Асилов.

Тавре ки КазТАГ хабар медиҳад, ӯ изҳор намудааст, ки дар бетартибиҳои оммавӣ ва дигар ҷиноятҳо хориҷиён низ ба сифати гумонбарон эътироф шудаанд.

“Миёни онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд”, – гуфтааст Асиов рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи маҷлис.

Дар бораи дигар ҷузъиёти иштироки хориҷиён дар рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 ӯ чизе нагуфтааст.

Ӯ таъкид доштааст, ки миёни боздоштшудаҳо ҳашт нафар аз пайравони ҷараёнҳои тахрибкоронаи мазҳабӣ низ ҳастанд.

Асилов зикр кардааст, ки дар парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои январ 573 нафар маҳкум шудаанд, аз ҷумла дар ду парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ.

Ба гуфтаи додситони кулл, то кунун 18 созмондиҳандаи ошӯб ошкор шуда, парвандаи 13 нафари онҳо аллакай дар баррасии додгоҳ аст.

Вокуниши кишварҳо чӣ гуна аст?

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар робита ба ин масъала изҳорот омода мекунанд.

“Вобаста ба ин масъала мо изҳорот омода кардем, ки ояндаи наздик ба нашр мерасонем”, – хабар доданд дар Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки АКИпресс хабар медиҳад, ВКХ Қирғизистон аллакай ба ин хабар вокуниш нишон дода, “ба кадом гунае даст доштани шаҳрвандони Қирғизистонро ба рӯйдодҳои фоҷеабори соли гузашта дар Қазоқистон қатъиян рад мекунад”.

“Масъулият ва гуноҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон исбот нашудааст. Ҳеҷ як шаҳрванди Қирғизистон дар Қазоқистон на дар гирдиҳамоиҳо ва на дар тазоҳуроти оммавӣ ва ғоратгарӣ ширкат накардааст”, – зикр мешавад дар изҳороти ВКХ Қирғизистон дар ин робита.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон аввали моҳи январи соли гузашта баргузор шуданд. Дар ҷараёни онҳо 238 нафар, аз ҷумла 19 нафар кормандони пулис ва ҳарбиён ҳалок шуда, 4353 нафар, аз ҷумла 3393 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ захмӣ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.