Рӯзҳои наздик Тоҷикистонро сардиҳои шадид дар пеш аст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 10 январ сармои шадид оғоз мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона то 17 ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ҳарорат шабона баъзан 12-17 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук шуда, рӯзҳои 10-11 январ дар саросари кишвар борон ва барфи тар меборад.

Дар ин рӯзҳо дар Душанбе борон ва барф меборад. Суръати шамол 4-8 м/с. Рӯзи 10 январ ҳарорати шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм, рӯзи 11 январ шабона аз 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 1-3 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳаво ба мисли пойтахт дар назар буда, 1 ё дараҷа фарқият дорад. Лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ хунуктар – рӯзона -3+2 ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук мешавад. Рӯзи 11 январ ҳарорат то 12 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна обуҳаво пешбинӣ гардида, лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ҳарорат шабона аз -7 то -12 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ҳарорат шабона аз 2 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 2 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст.

Ҳарорат аз ҳама зиёдтар дар ВМКБ поин меравад: дар баъе ноҳияҳо ҳарорат шабона аз 12 то 17 дараҷа (дар баъзе ҷойҳо то 25 дараҷа) хунук, рӯзона аз 2 то 7 дараҷа (дар баъзе ноҳияҳо то 13 дараҷа) хунук пешгӯӣ мешавад.

Обҳаво моҳи январ чӣ гуна мешавад?

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, моҳи январи соли 2023 дар қисми зиёди ҳудуди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо  аз меъёри иқлимӣ то  1-2º баландтар   (эҳтимолият 50-65%) дар назар дошта шудаааст.

Нисбат ба соли гузашта моҳи январи имсол 1-2º хунуктар дар назар дошта шудааст (соли 2022 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри муқараррӣ аз 2º то 4º гарм  буд).  

Миқдори боришоти моҳона дар ҳадди меъёр ва баъзан зиёдтар аз меъёри иқлимӣ, дар водиҳо 39-75 мм (дар ноҳияҳои ҷудогона 9-28 мм), дар доманакӯҳҳо –  34-102 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 39-99 мм ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ – 2-6 мм дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон низ ҳаво хунук мешавад. Рӯзҳои 10-11 январ дар Ӯзбекистон борону барф борида, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона – 5-8 дараҷа хунук мешавад. Дар Қирғизистон низ борону барф борида, ҳарорат шабона то 17 дараҷа ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...