Тавсияҳои муфиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар сардии ҳаво ва бориши барф

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 9-11-уми январ бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Русия дар қисмати бештари қаламрави кишвар ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати мошинҳо хатар бештар мешавад. Бино ба маълумоти ҳавошиносон дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ шамоли сахт пешбинӣ мешавад ва дар минтақаҳое аз ин навоҳӣ барфи шадид меборад.

Рӯзҳои 10-11 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ коҳиши дамои ҳаво ба ҳадди 10-15 дараҷа дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ бориши шадиди барф пебинӣ мешавад. Дар натиҷаи ин боришҳо барфи тар метавонад сабабгори шикастани шохаи дарахтон, симчӯбҳо, канда шудани хатҳои интиқоли барқ шавад. Ҳамчунин яхбандӣ ва лағзиши тармаву ба вуҷуд омадани барфтӯда дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимол дорад.

Рӯзҳои 9-10 январ дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ вазиши боди сахт дар назар аст. Шамол дар ин минтақаҳо бо суръати  15-20 метр дар як сония хоҳад вазид. КҲФ ҳушдор медиҳад, ки маъмулан бодҳои сахту шадид қодиранд симҳои интиқоли барқро кананд, шохи дарахтонро шикананд, пояҳои сустниҳоди рекломҳоро ба замин зананд ва дар роҳҳо ҳолатҳои садамавӣ барои мошинҳоро ба вуҷуд оранд.

Рӯзҳои 7-10 январ дар дар нишебиҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!

Аз сокинон хоҳиш мешавад, ки дар чунин рӯзҳои сарду пурбориш либосҳои гарм пӯшанд ва беш аз ҳар вақти дигар ба кӯдакон ва калонсолон диққати хоса диҳанд. Сармо метавонад боиси сироят ба бемориҳо шавад.

Дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма, ба вуҷуд омадани барфтӯда дар роҳҳо пешбинӣ мешавад. Сардии ҳаво боиси яхбандиҳо дар роҳҳои мошингард мешавад. Резиши сангу рег ҳам дар роҳҳо эҳтимол дорад.

ТАВСИЯҲО БАРОИ РОНАНДАГОН:

– то сафар мошини худро санҷед;

– чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

– ҳатман дар бордони мошини худ сару либоси гарм, фонус, банд, бели хурдакак, бушкаи сӯзишвории захиравӣ, термос бо оби гарм дошта бошанд. Дорухонаи мошинатонро ҳам бо доруҳои ниёзи аввал ва зарурӣ нав кунед;

– ҳатман дар телефонатон на камтар аз ду симкорт дошта бошед, телефони шумо бояд ҳатман дар ҳолати корӣ қарор дошта бошад;

– бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии худ ва ҳамроҳонатонро таъмин карда тавонед. Боло бурдани суръати ҳаракат ҳамеша бар зарар аст. Бахусус ҳангоми убур аз чорроҳаҳо, пиёдагузарҳо, назди мактабу дигар ҷойҳои пурҷамъият ва нишебиҳо суръати ҳаракати мошинатонро суст кунед;

– ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоед, ҳар қадар аз ҳам дур ҳаракат кунед, ҳамон андоза ғами бехатарии худро мехӯред, чун маъмулан дар зимистону ҳавои сарду пурбориш роҳҳо ях мебанданд ва дар вақти зарурат шумо наметавонед ногаҳони мошинро нигоҳ доред;

– агар шумо сари вақт натавонистед, ки мошинро омода созед, хуб мешавад агар муваққатан аз сафари безарурат даст кашед;

– ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.

ЧАНД ТАВСИЯ БА ОН КАСОНЕ, КИ ХОНАҲОИ ХУДРО БО ВАСИЛАИ БУХОРИҲО ГАРМ МЕКУНАНД:

– бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъхои зуд оташгиранда нагиронед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди ҷарақа дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

– ҳаргиз ҳезум ва дигар маводдҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

– ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

– ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд;

Ҳангоми боридани барфи тар ва гузор аз кӯча ба симчӯбҳо ва пояҳои сустниҳони рекломҳо ва дарахтон диққат диҳед. Барфи тар маъмулан сабабгори баногаҳ шикастани шохи дарахтон мешавад, ки барои роҳгузарон бехатар нест. Дар ҳоли дидани ин гуна ҳолатҳо фавран ба хадамоти кумак занг занед ва аз шикастани дарахтон ё афтодани симчӯбҳо фавран хабар расонед.

КҲФ ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад дар чун ин рӯзҳо аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум дар маҳалҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...