Додситони кулли Тоҷикистон ширкати тоҷиконро дар бетартибиҳои Қазоқистон рад кард

Додситони кулли Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022 қатъиян рад кард. Ин ниҳод бо пахши як изҳорот гуфт, ки ба ҳолати моҳи январи соли 2023 аз ҷониби Додситони кулли Қазоқистон ба онҳо вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба […]

Додситони кулли Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022 қатъиян рад кард.

Ин ниҳод бо пахши як изҳорот гуфт, ки ба ҳолати моҳи январи соли 2023 аз ҷониби Додситони кулли Қазоқистон ба онҳо вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ворид нагардидааст.

"Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст", -омадааст дар иттилоияи Додситонӣ.

Дирӯз, ВКХ-и Тоҷикистон ҳам дар як изҳороти хеш, ки дастраси “Азия-Плюс” гардид, гуфта буд, “зимни ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накардаанд”.

Қаблан, Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон дар як ҷаласа гуфта буд, ки дар парвандаи рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон аввали моҳи январи соли гузашта баргузор шуданд. Дар ҷараёни онҳо 238 нафар, аз ҷумла 19 нафар кормандони пулис ва ҳарбиён ҳалок шуда, 4353 нафар, аз ҷумла 3393 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ захмӣ шуданд.

Барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз нерӯҳои СААД кӯмак хост ва бо кӯмаки он тавонист пеши роҳи густариши бетартибиҳоро гирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.