Пардохти қарз аз андози боз як корхонаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро ба таъхир гузоштанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, муҳлати пардохти қарзи КВД "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" дар назди буҷет аз рӯйи андозҳо ва фоизҳо, ки то 1 ноябри соли 2022 ба вуҷуд омада буданд, ба муҳалти як сол ба таъхир гузошта шуд.

Дар қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст, маблағи умумии ин қарзҳо ҳудуди 33 млн сомонӣ (зиёда аз 3,2 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳудуди 19 млн сомонӣ аз ин қарзҳо ба худи андоз ва зиёда аз 14 млн сомонӣ – ба фоизҳои он рост меояд.

Супориш дода шудааст, ки воридоти андозҳои ҷорӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси андози Тоҷикистон ва маблағи қарзҳои муҳлати пардохташон батаъхиргузошташуда аз рӯзи барқарор шуданашон ба буҷет таъмин карда шавад.

КВД "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" корхонаи зертобеъи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Корхона корҳои баратараф намудани нуқсҳои электромагнитӣ – тағйирёбии ногаҳонии шиддат ва ҷараёнро дар занҷира анҷом медиҳад.

Қаблан пардохти қарзҳо аз андоз ва фоизҳои он барои Оператори миллии телекоммуникатсионии кишвар – ҶСК “Тоҷиктелеком”, ки он ҳам корхонаи зертобеъи Хадамоти алоқа мебошад, низ ба таъхир гузошта шуд.

Маблағи пардохташ барои ин корхона ба муҳлати як сол батаъхирафтода зиёда аз 67,2 млн сомонӣ (6,6 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Ин корхонаи Хадамоти алоқа тайи солҳои ахир байни қарздорони нисбатан бузург аз пардохти андоз ба шумор меравад.

Тобистони соли гузашта раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тақрибан 43% аз ҳаҷми умумии қарзҳо аз андоз ба се шахси ҳуқуқӣ: ҶСК “Сангттӯда-1” – 244,6 млн сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктелеком ва сохторҳои он – 123,3 млн сомонӣ ва ҶСК “НБО Роғун” – 55,8 млн сомонӣ рост меояд.

Тобистони соли 2021 бошад, бо қарори ҳукумат қарзҳо аз андози “Тоҷиктелеком” ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ (ҳудуди 1 млн доллар) аз эътибор соқит карда шуданд.

ҶСК “Тоҷиктелеком” дар таъмини кишвар бо интернет ва фурӯши он ба операторони хусусӣ монополист мебошад. Ба ақидаи коршиносони байнулмилалӣ, ин  рушди бозори алоқаро дар кишвар маҳдуд месозад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, қарзҳои воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа дар зарфи 9 моҳи соли 2022 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 4,6% афзуда, ба 146 млн сомонӣ (зиёда аз 14,3 млн доллар) расидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...