Сафорат: Ҳар чор ҳалокшуда дар садамаи Иркутск шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳар чор нафаре, ки дар ҳодисаи 9-уми январи соли равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия ҷон доданд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ин ниҳоди дипломатӣ шоми дирӯз, 9-уми январ гуфта буд, ки ду нафари онҳо шаҳврандони Тоҷикистон буда, шахсияти ду нафари дигар аз ҷониби мақомот маълум […]

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳар чор нафаре, ки дар ҳодисаи 9-уми январи соли равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия ҷон доданд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ин ниҳоди дипломатӣ шоми дирӯз, 9-уми январ гуфта буд, ки ду нафари онҳо шаҳврандони Тоҷикистон буда, шахсияти ду нафари дигар аз ҷониби мақомот маълум карда мешавад.

“Сафорати Тоҷикистон дар Русия вобаста ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух дода буд, бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти мақомоти дахлдори кишвари иқомат ҳар чор нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”, – омадааст дар иттилоияи сафорат, ки имрӯз, 10- уми январ нашр шуд.

Мусъулини сафорат гуфтаанд, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан ба наздикону пайвандони фавтидагон кумак мерасонад.

“Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад”, – зикр мешавад дар иттилоияи онҳо.

Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, 9-уми январи соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётӣ, ки гуфта мешуд, дар натиҷаи он, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, паҳн гардид.

“Азия-Плюс” барои шарҳи ҳодисаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карда буд. 

Аз ниҳоди дипломатӣ дирӯз, 9-уми январ гуфтанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои муайян кардани шахсияти ду нафари дигар кор идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.