Марги ду муҳоҷири тоҷик дар Иркутск. Сафорат шахсияти ду нафари дигарро муайян мекунад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи садамаи нақлиётии имрӯза, 9-уми январ, дар шаҳри Братски вилояти Иркутск шарҳ дода, гуфтааст, ки аз чор нафари фатида ду нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ин ниҳод бо нашри як баёния, ки дастраси “Азия-Плюс” низ гардид, афзудааст, ки шахсияти ду нафари дигари ҳалокшуда аз ҷониби Консулгарии генералии […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи садамаи нақлиётии имрӯза, 9-уми январ, дар шаҳри Братски вилояти Иркутск шарҳ дода, гуфтааст, ки аз чор нафари фатида ду нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ин ниҳод бо нашри як баёния, ки дастраси “Азия-Плюс” низ гардид, афзудааст, ки шахсияти ду нафари дигари ҳалокшуда аз ҷониби Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Русия муайян мешавад.

“Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додааст, дар ҷараён буда, бо таассуф қайд менамояд, ки аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд”, – омадааст дар баёнияи сафорат.

Ин мақоми дипломатӣ гуфтааст, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.

Ба таъкиди онҳо, қазия таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад.

Сабаби ҳодиса гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 9-уми январи соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётӣ, ки гуфта мешуд, дар натиҷаи он, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, паҳн гардид.

“Азия-Плюс” барои шарҳи ҳодисаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карда буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.