Раҳимзода ба Колоколтсев ҷиҳати таҳқиқи куштори ошпаз аз ҷониби зани ҷавон мактуб ирсол кард

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия мактуб ирсол намуда, хоҳиш намудааст, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани ҳодисаи “куштор дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митиши” ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ҳодисаи куштор, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаева гумонбар аст, рӯзи 4-уми январи соли 2023, дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав рух дод. Дар наворе, ки аз ин ин тарабхона бардошта шудаву паҳн гардид, дида мешавад, ки зане аз ҷониби як мард мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва барои ҳимоя худ, бо корд ба ҷисми марди ҳавлавар мезанад.

“Хотиррасон менамоем, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона лату кӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад”, – гуфта мешавад дар мактуби ирсолнамудаи Рамазон Раҳимзода.

Гуфта мешавад, айни ҳол оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, расонаҳои русӣ, аз куштори ошпазе дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав хабар доданд. Ҳодиса 4-уми январи соли 2023 рух дода, бино ба навиштаи расонаҳо шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаева ошпазеро бо корд зада, ба ҳалокат расонидааст.

Баъдтар наворе паҳн гардид, ки ҳодисаи рухдодаро рӯшан менамояд. Дар навори паҳнгардида дида мешавад, ки зане аз ҷониби ошпази кушташуда мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва он заон барои ҳимоя худ ва номуси худ, бо корд ба ҷисми марди ҳавлавар мезанад. Он мард ба замин меафтад ва мемирад.

Бино ба иттилои mk.ru муноқишаи байни шаҳрвани Тоҷикистон ва ошпаз, аз як бадрафтории ошпаз оғоз мегардад. Гуфта мешавад, ки зан баъди он, ки ошпас бадани ӯро ламс мекунад, ба ғазаб меояд ва ба сари зани ҷавон ҳамла мекунад. Он зан барои ҳимоя худ, бо корд чанд маротиба ба қафаси синаи мард мезанад.

Ба навиштаи ин сомона, Сайёра як зани хуб буда, қаблан ягон маротиба бо касе ҷанҷол накарда буд.  Бояд гуфт, ки зан дар тарбияташ як фарзанд дорад, ки дар синфи якум мехонад ва шавҳараш фавтидааст. Вале гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои Соли нав Сайёра бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда буд ва ҳамон рӯзи куштор ҳамкорон ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.

Ошпази фавтида зодаи Гурҷистон буда, дар ин қаҳвахона аз замони кушода шудани он, аз тирамоҳи соли 2022, кор мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...