Имрӯз ва рӯзҳои истироҳат обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои сард дар Тоҷикистон то ҳафтаи оянда боқӣ мемонад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки рӯзҳои 13-16 январи соли ҷорӣ дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 19-24 то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 8-13 то 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 19-24 то 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 10-15 то 4-9 дараҷа хунук пешгӯӣ шуда, дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 13-16 январ дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии  қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.

Рӯзи 13 январ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимолу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17-19º хунук, рӯзона 12-14º хунук мешавад.

Рӯзи шанбе, 14 январ ҳарорат шабона 1 дараҷа хунуктар ва рӯзона аз рӯзи пешина каме гармтар – 7-9 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзи якшанбе, 15 январ ҳарорат шабона 13-15 ва рӯзона – 5-7 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.

Обуҳаво дар Ноҳияҳои тобеи марказ аз пойтахт чандон фарқ надорад. Имрӯзҳо дар ин ҷо ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимолу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16-21º хунук, рӯзона 10-15º хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17-22º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -26º хунук, рӯзона 12-17º хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимолу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15-20º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -25º хунук, рӯзона 9-14º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -17º хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 21-26º хунук, рӯзона 13-18º хунук мешавад.

Чунин обуҳаво то 16 январ боқӣ монда, ҳаамагӣ 1 ё дараҷа фарқият хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимолу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16-21º хунук, рӯзона 10-15º хунук, дар доманакӯҳҳо шабона 22-27º хунук, рӯзона 11-16º хунук мешавад.

Дар минтақаи хунуктарини кишвар – ВМКБ низ обуҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар шарқи вилоят каме барф меборад.

Шамол аз самти шимолу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25º хунук, рӯзона 6-11º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17º хунук, дар шарқи вилоят шабона 27-32º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 35-40º хунук, рӯзона 12-17º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 17-22º хунук мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16-20º хунук, рӯзона 12-14º хунук мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...