Тоҷикистони барфпӯш: сард, вале зебо

Тоҷикистонро барф фаро гирифт. Кӯчаву хона, мошину майдончаҳо, дарахтон – ҳама барфпӯш аст ва тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, барф зиёда аз 1 рӯз рӯи замин меистад. Чунин барф дар кишвари мо (ба истиснои мавзеи кӯҳистон) хеле кам иттифоқ меафтад, аз ин рӯ, сарфи назар аз баъзе мушкилоте, ки сокинони кишвар ба онҳо дучор шуданд, аксаран мардум […]

Тоҷикистонро барф фаро гирифт. Кӯчаву хона, мошину майдончаҳо, дарахтон – ҳама барфпӯш аст ва тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, барф зиёда аз 1 рӯз рӯи замин меистад. Чунин барф дар кишвари мо (ба истиснои мавзеи кӯҳистон) хеле кам иттифоқ меафтад, аз ин рӯ, сарфи назар аз баъзе мушкилоте, ки сокинони кишвар ба онҳо дучор шуданд, аксаран мардум аз барф хушҳоланд.

Мо аз манзараҳои барфпӯши Тоҷикистон якчанд сурат гирдоварӣ намудем. Ба ҷуз суратҳои худамон, аз аксҳои зебои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода бурдем.

Имрӯзҳо дар боғҳои пойтахт зимистони ҳақиқӣ ҳукмфармо аст.

Дар навбати аввал, майдони “Истиқлол, ки ҳоло ҳам ороишоти солинавиаш хеле зебост.

Манзараҳои зебо дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ)-и шаҳри Душанбе.

Майдончаҳои бозии кӯдакон низ зери барф монданд.

Лекин кӯдакон парвое надошта, ба бозиҳои худ саргарманд.

Аммо табъи моликони автомашинаҳо дар чунин вазъи обуҳаво начандон хуш аст.

Барои осон кардани ҳаракати онҳо мошинҳои барфтозакунӣ дар шаҳр кор мекунанд. Барои пиёдагардон низ роҳравҳо тоза карда мешаванд.

Дар Хуҷанд бошад, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба роҳҳои мошингард хок мепошанд.

Вазъи дарахтон низ начандон хуб аст. Баъзе аз онҳо аз вазнинии барф қариб то замин хам шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе сарфи назар аз сармои шадид, корҳои ниҳолшинонӣ идома доранд.

Ин сурат аз Шаҳритӯс.

Ва боз якчанд акси дигар аз манзараҳои шабонаи пурбарфи шаҳри Душанбе.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.