Тоҷикистони барфпӯш: сард, вале зебо

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Тоҷикистонро барф фаро гирифт. Кӯчаву хона, мошину майдончаҳо, дарахтон – ҳама барфпӯш аст ва тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, барф зиёда аз 1 рӯз рӯи замин меистад. Чунин барф дар кишвари мо (ба истиснои мавзеи кӯҳистон) хеле кам иттифоқ меафтад, аз ин рӯ, сарфи назар аз баъзе мушкилоте, ки сокинони кишвар ба онҳо дучор шуданд, аксаран мардум аз барф хушҳоланд.

Мо аз манзараҳои барфпӯши Тоҷикистон якчанд сурат гирдоварӣ намудем. Ба ҷуз суратҳои худамон, аз аксҳои зебои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода бурдем.

Имрӯзҳо дар боғҳои пойтахт зимистони ҳақиқӣ ҳукмфармо аст.

Дар навбати аввал, майдони “Истиқлол, ки ҳоло ҳам ороишоти солинавиаш хеле зебост.

Манзараҳои зебо дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ)-и шаҳри Душанбе.

Майдончаҳои бозии кӯдакон низ зери барф монданд.

Лекин кӯдакон парвое надошта, ба бозиҳои худ саргарманд.

Аммо табъи моликони автомашинаҳо дар чунин вазъи обуҳаво начандон хуш аст.

Барои осон кардани ҳаракати онҳо мошинҳои барфтозакунӣ дар шаҳр кор мекунанд. Барои пиёдагардон низ роҳравҳо тоза карда мешаванд.

Дар Хуҷанд бошад, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба роҳҳои мошингард хок мепошанд.

Вазъи дарахтон низ начандон хуб аст. Баъзе аз онҳо аз вазнинии барф қариб то замин хам шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе сарфи назар аз сармои шадид, корҳои ниҳолшинонӣ идома доранд.

Ин сурат аз Шаҳритӯс.

Ва боз якчанд акси дигар аз манзараҳои шабонаи пурбарфи шаҳри Душанбе.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...