Додситони кулли Тоҷикистон аз ҳамтои русаш тафтиши холисонаи қазияи Сайёра Дусаеваро дархост кард

Asia-Plus

Додситонии куллии Тоҷикистон бо ирсоли дархост аз Додситонии кулли Русия хостааст, қазияи Сайёра Дусаева, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба куштори ошпазе дар қаҳвахонаи Маскав гумонбар аст, холисона тафтиш намояд. Дар ин бора сомонаи расмии Додситонии кулли кишвар иттилоъ медиҳад.

“Дар шабакаи Интернет навори латукӯби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Дусаева дар қаҳвахонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар хиёбони Астрахови шаҳри Маскав, ки бар асари захмҳои корд ташаббускори низоъ ба ҳалокат расидааст, паҳн гардидааст.

Вобаста ба ин, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия аз 21 декабри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини назорати тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкур дархост ирсол карда шуд. Тафтишот идома дорад", – гуфта мешавад дар хабари нашрнамудаи сомонаи расмии Додситонии кулли кишвар.

Қаблан дар робита ба ин қазия Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия низ мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани қазияи Сайёра Дусаева ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки Сайёра Дусаева, зани ҷавони тоҷик барои куштори ошпази як қаҳвахона дар Маскав гумонбар мешавад. Тибқи навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 4-уми январи соли 2023, дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав, аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар мезанад. Марди ҳамлавар баъдан ба ҳалокат мерасад.

Дар наворе, ки расонаҳои русӣ паҳн намуданд, саҳнаи муноқиша нишон дода мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво мебинад ва бо шаъну шарафи ӯро паст мезанад. Сайёра Дусаева маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо истифода аз корд худро аз марди ҳавлавар ҳимоя кунад.

Гуфта мешавад, айни ҳол оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...