Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз, 14-уми январ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ. Роҳбарони давлатҳо ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамдигарро табрик гуфтаанд. "Сарони ду давлат натиҷаҳои аз ҷониби кишварҳо тӯли сӣ соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву […]

Имрӯз, 14-уми январ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Роҳбарони давлатҳо ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамдигарро табрик гуфтаанд.

"Сарони ду давлат натиҷаҳои аз ҷониби кишварҳо тӯли сӣ соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо бадастомада, ҳамчунин, таҷрибаи мусбии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро қайд карданд. Муҳиммияти ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид гардид",- зикр мешавад дар хабар.

Дар идомаи сӯҳбат "ҷонибҳо аз мавқеъгирии созанда дар ҳалли тамоми масъалаҳо ва фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намудаанд".

Дар хабари нашрнамудаи сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин зикр мегардад, ки “тайи замони ахир 100,25 километри хатти гузариши марзи давлатӣ муайян карда шудааст. Ба ин манзур хатти сарҳади то имрӯз мувофиқашуда дар маҷмӯъ 625 километр ё 63 фоизи тӯли умумии онро ташкил медиҳад”.

Ёдовар мешавем, ки муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар чанд соли охир бо сабаби баҳс дар мушаххассозии хати сарҳад ба сардӣ гароид ва соли 2022 ин танишҳо ду маротиба ба задухӯрди мусаллаҳона оварда расонид, ки дар пайи он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳои дигар захмӣ шуданд.

Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар моҳи сентябри соли 2022 ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо тезонидани кори комиссияи мушаххассозии хати сарҳади ду кишвар, баҳсҳои мавҷударо бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл менамоянд. Пас аз ин чанд маротиба дар ду кишвар мулоқотҳои намояндагони ҳар ду давлат баргузор шуд, аммо то ҳол ҷонибҳо ба хулосаи ниҳоӣ наомадаанд ва музокирот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.