Моҳи январ дар Тоҷикистон чӣ гуна обуҳаво дар назар аст?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

То охири моҳи январ обуҳаво дар Тоҷикистон сард боқӣ монда, гармии зиёд дар назар нест, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки рӯзона ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо то 4 дараҷа гарм шуда метавонад.

Ба савол дар бораи гармшавии обуҳаво дар моҳи феврал, дар Агентӣ зикр карданд, ки ба гумони ғолиб, ҳарорат гарм шуда, лекин пешгӯии дақиқ охири моҳи январ маълум мешавад.

Ба сурати умум, то охири ҳафта ҳарорат дар Душанбе шабона аз 10 то 17 дараҷа хунук мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳароат дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз -3 то +2, дар кӯҳҳо шабона 10-15, баъзан то 18 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа ва баъзан то 10 дараҷа сард мешавад. Боришот дар назар нест.

Дар вилояти Суғд низ обуҳавои бебориш дар назар буда, баъзан туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-13, баъзан то 18 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук, дар кӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона – 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона 7-12 ва рӯзона аз -3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар сардтарин минтақаи кишвар – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин обуҳаво пешгӯӣ мешавад: дар ғарби вилоят шабона 15-20, баъзан то 25 дараҷа, рӯзона – 5-10 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 31-36 ва рӯзона 19-24 дараҷа хунук мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!

Ҳангоми гузар аз кӯчаҳо аз яхи зери пову аз шӯшаҳои овезони бомҳо худро эҳтиёт кунанд.

КҲФ аз хадамоти комуналӣ ва соҳибони хонаҳо хоҳиш мекунад сари вақт барои аз барф тоза кардани бому девори хонаҳои худ чораҳо андешанд.

КҲФ ҳамчунин огоҳ мекунад, ки вақти истифода аз асбобҳои барқии гармкунандаи хонаҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Бухориҳои худро, ки бо ҳезуму ангишт гарм мекунед, назорат кунед, сари вақт дудбарои онҳоро тоза кунед.

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:

Навбатдори масъул дар Кумита – 112; 221-91-19; 223-13-11 ва 93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе – 225-44-62 ва 225-44-76

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор – (83139) 2-60-74;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон – (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб – (83322)   21656 ва 21657

Раёсати КҲФ дар ВМКБ – (83522) 2-40-57 ва 22744;

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд – (83422)  51555 ва 57995.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...