Ба болои корманди БДА мошин ронд ва гурехт. Гумонбар боздошт ва милиса ҷароҳат бардоштааст

Дар Истаравшан Маъмур Шарифови 36-сола барои қасдан задани як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) гумонбар дониста мешавад. Дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, ки аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд таҳия шудааст, зикр мешавад, ки ҳодиса субҳи 28-уми декабри соли 2022 дар хиёбони И.Сомонӣ дар назди бозори марказии шаҳр рух додааст. Гуфта мешавад, як афсари […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Истаравшан Маъмур Шарифови 36-сола барои қасдан задани як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) гумонбар дониста мешавад. Дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, ки аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд таҳия шудааст, зикр мешавад, ки ҳодиса субҳи 28-уми декабри соли 2022 дар хиёбони И.Сомонӣ дар назди бозори марказии шаҳр рух додааст.

Гуфта мешавад, як афсари БДА барои дар ҷойи нодуруст гузоштани мошин аз ронанда ҷиҳати тартиб додани протокол ҳуҷҷат талаб кардааст ва ронанда мошинро ба болои ӯ рондааст.

“Корманди шӯъбаи корҳои дохилии ШВКД-и дар шаҳри Истаравшан, лейтенанти милиса Эхсон Муҳиддинов ин қоидавайронкуниро пай бурда, талаб кардааст, ки ҳуҷҷатҳо барои тартиб додани протокол пешниҳод карда шаванд. Пас аз ин, Шарифов на танҳо аз нишон додани шаҳодатномаи ронандагӣ худдорӣ кард, балки Муҳиддиновро зада галтонд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард”, – гуфта мешавад дар навор.

Ронанда пас аз пахши корманди БДА-ро, ки садди роҳаш истода буд, фирор мекунад. Лаҳзаи рух додани ҳодиса дар дастгоҳи сабти навор қайд гардидааст.Чаро Шарифов ин корро кардааст, хабар дода нашудааст.

Шоҳидони айнӣ ба Муҳиддинов кумак карда, ӯро ба бемористон бурдаанд ва маълум шудааст, ки дар пайи ҳодисаи мазкур пойи корманди БДА шикаста, ҷароҳатҳои дигари ҷисмонӣ низ бардоштааст.

Айни ҳол, Маъмур Шарифов боздошт шуда, дар боздоштгоҳ қарор дорад. Додситонии шаҳр дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 328 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи он, Шариповро ҷазо дар намуди маҳдуд кардан ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.