“Бозпурсӣ шуда буд…” Оҷонсии зиддифасод худкушии корманди давлатиро дар Панҷакент шарҳ дод

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар робита ба хукушии Асадҷон Баҳромов, сардори шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент, ки гуфта мешуд, баъди бозпурсӣ ва фишори муфатишони Идораи зиддифасод дар минтақаи Зарафшон даст ба худкушӣ задааст, вокуниш карда, таъкид кардааст, ки “марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад”.

Маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасод афзудааст, ҳанӯз 14-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон нисбати Асадҷон Баҳромов барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 қисми 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ ба сифати гумонбаршуда мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

Ин ниҳод гуфтааст, бозпурсии Асадҷон Баҳромов “бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва пурраи ҳолатҳои кор дар доираи парвандаи ҷиноятӣ” сурат гирифта, ӯ оид ба фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ягон маротиба изҳори нигаронӣ накардааст.

“Амалҳои тафтишӣ нисбати Баҳромов А.М. бо таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ ва талаботи моддаи 46 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои мурофиавии гумонбаршуда, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори рад намуданро пешбинӣ мекунад, роҳандозӣ гардидааст. Дар рафти тафтиши пешакӣ гумонбаршуда Баҳромов А.М. оид ба фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ягон маротиба изҳори нигаронӣ накардааст”, – омадааст дар изҳороти Оҷонсии зиддифасод.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 11-уми январи соли 2023 Асадҷон Баҳромов дар манзили истиқоматиаш “бо сабаби асфексияи механикӣ дар натиҷаи пахшшавии узвҳои гардан вафот намудааст”.

Ин ниҳод аз бозтоби ҳодисаи худкушӣ, яъне таъкиди “баъди бозпурсии кормандони Идораи зиддифасоди минтақаи Зарафшон худкушӣ кардааст”, нигаронӣ карда, афзудааст, “бо чунин тарз инъикос намудани ҳолати мазкур тобиши иғвоангезона дошта, ба ҳақиқат номувофиқ мебошад ва марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад”.

Масъулини Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки сабабҳои марги Асадҷон Баҳромов аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Асадҷон Баҳромови 58-сола ва падари се фарзанд рӯзи 11-уми январ дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт. Пайнвандонаш даъво доранд, ки ӯ дар пайи як тӯҳмат ва даъвати батакрори Идораи зидди фасод худкушӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...