“Субҳ ҷасади овехтаро дидам”. Ҷузъиёти худкушии як корманди давлатӣ дар Панҷакент

Асадҷон Баҳромов, як корманди собиқадори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент ҳафтаи гузашта дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт. Пайнвандонаш даъво доранд, ки ӯ дар пайи як тӯҳмат ва даъвати батакрори Идораи зидди фасод ба ҷони худ сӯиқасд кард. Умеда Азимова, ҳамсари Асадҷон Баҳромов, имрӯз, 18-уми январ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “шавҳарамро […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Асадҷон Баҳромов, як корманди собиқадори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент ҳафтаи гузашта дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт. Пайнвандонаш даъво доранд, ки ӯ дар пайи як тӯҳмат ва даъвати батакрори Идораи зидди фасод ба ҷони худ сӯиқасд кард.

Умеда Азимова, ҳамсари Асадҷон Баҳромов, имрӯз, 18-уми январ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “шавҳарамро  тӯҳмат карданд ва фишори зиёди равонӣ оварданд”.

“Субҳи 11-уми январ барвақт аз хоб хест, дар печи хона алоб кард ва гуфт,  хунук нахӯред. Ришашро гирифта, барои ба кор рафтан омода шуд. Байни соати 7:00 то 7:30-и субҳ чӣ гап шуд, ман хабар надорам. Соати 7:30-и субҳ ҷасади овехтаашро дар хона дидем. Ӯ аллакай ҷон дода буд”, – нақл кард Умеда Азимова.

Асадҷон Баҳромовро худи ҳамон рӯз,11-уми январ дафн карданд.

Умеда Азимова дар идомаи қазия гуфт, “дар хона ба ҷуз ману духтари хурдсолам каси дигар набуд. Ман кӯшиш кардам, ки ҷасади Асадро бардорам, қувватам нарасид ва ҳуш рафтам. Дигар намедонам, кӣ ҷасадро аз дор гирифт”.

Ба гуфтаи Умеда Азимова, чанд вақти охир Асадҷон Баҳромовро ба Идораи зиддифасоди шаҳри Панҷакент зиёд даъват мекарданд ва ӯ зери фишори равонӣ қарор дошт.

“Милитсияи шаҳр дар як фурсати кӯтоҳ ба хона расид. Додарзодаи шавҳарам ҳангоми бардоштани ҷасад аз ҷайбаш мактуб пайдо кард. Шояд дар он мактуб шавҳарам сабаби маргашро навиштааст. Номаро милитсионерҳо ба додситони шаҳр супориданд. Мо надидем, ки дар он чӣ навишта буд”, – гуфт Умеда Азимова.

Аз додситонии шаҳри Панҷакент дар ин робита ба ҳодисаи мазкур ба “Азия-Плюс” иттилоъ надоданд ва дар як тамоси телефонӣ ҳодисаро таъйид ва гуфтанд, “ҳоло тафтишот идома дорад”.

Дар шаҳрдории Панҷакент низ хабарро таъйид карда, омили худкуширо нагуфтанд. Вале афзуданд, ки марҳум беш аз 30 сол дар сатҳҳои гуногуни шаҳрдории Панҷакент фаъолият мекард ва аз зумраи кадрҳои собиқадор ба шумор мерафт.

Аз сӯи дигар, як манбаъи огоҳ ба шарти ифшо нагардидани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, Асадҷон Баҳромовро дар асоси нишондоди яке аз ҳамкоронаш кормандони Идораи зиддифасоди шаҳр барои гирифтани пора гумонбар медонистанд.

Аммо ҳамсараш мегӯяд, Асадҷон Баҳромов “марди ором ва поквиҷдон буд ва дар муддати фаъолияташ аз ҳеҷ кас пора нагирифтааст. Зиндагонии миёна дошт ва бо маош рӯзгори хонаводаро мегузаронид”.

Асадҷон Баҳромов 58 сол дошт ва падари се фарзанд буд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳои худкушӣ дар чандсолаи охир бештар расонаӣ мешавад ва аксаран омили марг равшан намегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.