Игор Черевченко расман сармураббии «Истиқлол» ва Юрий Батуренко ёвари ӯ таъин шуданд

Раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” номзадии Игор Черевченкоро ба вазифаи сармураббии даста тасдиқ кард. Дар ин хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар маросими муаррифӣ ҳузур дошт, хабар медиҳад. “Имрӯз дар  меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси”-и шаҳри Душанбе миёни бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва сармураббии нави даста Игор Черевченко шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид”,- афзуд хабарнигори мо. Гуфта мешавад, шартномаи корӣ бо […]

Раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” номзадии Игор Черевченкоро ба вазифаи сармураббии даста тасдиқ кард. Дар ин хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар маросими муаррифӣ ҳузур дошт, хабар медиҳад.

“Имрӯз дар  меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси”-и шаҳри Душанбе миёни бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва сармураббии нави даста Игор Черевченко шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид”,- афзуд хабарнигори мо.

Гуфта мешавад, шартномаи корӣ бо мураббии маъруф ва собиқ бозигари тими миллии Тоҷикистон то охири соли 2023 ба имзо расонида шудааст.

Черевченко зимни имзо намудани шартнома гуфтааст: “Ман ба Душанбе баргаштам то қарзамро дар назди Ватан, ки маро дар он ҷо футболбозӣ омӯхтанд, баргардонам”.

Юрий Батуренко, собиқ футболбози дастаи “Помир”-и Душанбе ёвари сармураббӣ таъин шудааст.

Шартнома бо Юрий Батуренко низ то охири соли равон баста шуд.

Игор Черевченко дар Тоҷикистон, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши СССР ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омада, ба воя расидааст.

Фаъолияти футболи ӯ соли 1992 дар тими “Помир” оғоз шудааст. Ӯ дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда, узви тими миллии Тоҷикистон буд.

Пас аз анҷоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои “Локомотив”-и Маскав, “Арсенал”-и Тула ва “Химки”-и вилояти Маскав ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.

Ин мураббии маъруф ҳар сол ба Душанбе омада, дар мусобиқаи хотираи падараш – Геннадий Черевченкоро миёни кӯдакон иштирок мекунад. Ба гуфтаи худаш, ӯ ҳамеша, ҳатто вақте ки мураббии дастаҳои пешбари Русия буд, футболи тоҷикро пайгирӣ мекард ва бо футболбозону мураббиёни Тоҷикистон зуд-зуд сӯҳбат анҷом медод.

Юрий Батуренко 29-уми декабри соли 1964 дар Душанбе таваллуд шудааст. Шогирди “Пахтакор”-и Курғонтеппа аст. Ӯ ҳамчун ёрдамчии мураббии “Локомотив”-и Маскав, “Габала”, “Ростов”-и Озарбойҷон ва сармураббии “Ротор” кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.